Композитсия
Композитсия (лот. compositio – тасниф, тартиб додан, эҷод кардан, пайвастан) — бандубаст ва алоқаву муносибати унсурҳои мухталиф дар асари бадеист. Эҷоди мусиқӣ, намуди эҷодии бадеияш. Асари мусиқӣ, меваи эҷодист. Ғайр аз маданияти умумӣ ва истеъдод, фаъолияти композиторӣ боз донистани би-сёр донишҳо аз қабили фанҳои махсус: назарияи мусиқӣ, гармония, полифония, таҳлили асарҳои мусиқӣ, оркестровка ва ғ. ҳатмист. Зуд-зуд бо мафҳуми Композитсия сохти асари мусиқӣ, таносуб ва ҷобаҷогузории бахшҳои алоҳидаи он дар назар аст. Аз ин рӯ, мегӯянд: «Композитсияи мутаносиб», «Композитсияи возеҳ» ё баракс, «Композитсияи ковок» ва ғ.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.185. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)