Консерт
Консерт — (ит. concerto – мувофиқат, ҳамоҳангӣ, аз лот. concertare – мусобиқа мекунам) — 1) асарҳои мусиқиро аз рӯи барномаи пешакӣ дар пеши мардум (дар саҳна) иҷро намудан. То нимаи дувуми садаи XIX дар Аврупо навъи пӯшидаи консерт маъмул буд, ки он барои ашроф намоиш дода мешуд. Дар шаҳрҳои калон дар натиҷаи инкишофи фарҳанги аврупоӣ намоиши Консерти умумӣ оғоз шуд. Консерти симфонӣ, камеравӣ яккаиҷроӣ, хорӣ, эстрадӣ ва ғ. бо навъи иҷрояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон консертҳоро дар филармония, театрҳо, амфитеатр, биноҳои махсус ташкил мекунанд.
Консерт — 2) Асари виртуозии мусиқавие, ки барои сози якканавоз (гоҳо барои 2-3 навозанда) бо ҷӯршавии оркестр, ки одатан дар шакли силсилаи соната эҷод шудааст, низ Консерт меноманд. Дар Консерт муқобилгузорӣ ва мусобиқаи якканавоз ва оркестр асосист. Одатан консерт аз 3 қисм иборат аст: қисми 1-ум тезу шӯх, ки аксаран тобиши драматикӣ мегирад, дар шакли сонатаи Allegro (ниг. Шакли соната); аксар вақт бо ду сарахбор (экспозитсия): мавзӯъ бори аввал дар оркестр мегузарад, дувумбора дар партияи якканавоз; 2-юм – лирикӣ, суст; 3-юм – хотима, бисёр тез, шӯх, дар шакли рондо. Одатан пеш аз итмоми қисми 1-ум якканавозии виртуозӣ (каденсия) меояд, ки бе ҷӯршавии оркестр иҷро мешавад. Намунаҳои аввалин Конснртҳо дар садаи XVIII дар Италия (Торелли, Страделла, Корелли) ба вуҷуд омаданд. Дар садаи XIX аввалин Консертро барои скрипка ва оркестр (иборат аз 3 қисм) Вивалди, баъдтар И.С. Бах навиштанд. Минбаъд ин жанрро Ф.И. Ҳайдн, В.А. Мотсарт, Л. Бетховен инкишоф додаанд. Сипас композиторони машҳури рус – П. Чайковский, С. Рахманинов ва композиторони шӯравӣ С. Прокофев, А. Хачатурян, Д. Кабалевский, Д. Шостакович, Р. Глиэр ва дигарон дар ривоҷи жанри мазкур саҳми арзанда гузоштаанд.
Композиторони тоҷик (24 наф.) дар жанри бисёр маъмули Консерт асарҳои зиёде офаридаанд, ки Консерт барои скрипка (1967) ва Консерт барои виолончел (1967) бо ҷӯршавии оркестри симфонии Д. Дӯстмуҳаммадов, 3 Консерти А. Латифзода – барои фортепиано (2014), барои алт (1988), барои скрипка (1992) бо оркестри симфонӣ, 3 Консерти Б. Пиговат – барои саксафон (1977), барои фортепиано (1981), барои скрипка (1982) бо оркестри симфонӣ, 3 Консерт барои фортепиано (1975, 1991, 1994) бо оркестри симфонӣ ва Консерт барои скрипка бо оркестри камеравии Т. Шаҳидӣ, Консерт барои фа-гот ва оркестри камеравии А. Одинаев (1993) ва ғ. мисол шуда метавонанд. Ҳамчунин композиторони тоҷик Консерт барои созҳои халқии тоҷикӣ эҷод намудаанд, ки 2 консерт барои рубоб ва оркестри созҳои халқии тоҷикӣ (М. Атоев, Г. Александров), Консерт барои рубоб бо оркестри симфонии Д. Дӯстмуҳаммадов (1989), Консерт барои ғижак ва оркестри созҳои халқии А. Мусоев (1991), Консерт барои дутори бас ва оркестри камеравии Т. Сатторов (1991) ва Консерт барои оркестри созҳои халқии С. Ҳамроев, Консерт барои дутор ва фортепианои Қ. Қурбониён (2004) аз қабили онҳоянд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.189-190. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)