Константин Арсенович Аваков (10.09.1935, ш Душанбе), рассоми кино.

Константин Аваков
Константин Арсенович Аваков
Таърихи таваллуд 10 сентябр 1935(1935-09-10) (89 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон (то с. 2008)

Зиндагинома

вироиш

Константин Арсенович Аваков Техникуми сохтмони Душанбе (1961) ва Институти политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси меъмор (1969) хатм карда, дар сохтмони бинои нави киностудияи «Тоҷикфилм» иштирок доштааст. Аз соли 1966 дар кинои тоҷик ба сифати рассом фаъолияташро шурўъ кард ва қариб чил сол дар ороиши филмҳои тоҷикӣ ҳисса гузошт. «Марги судхўр», «Одами даркорӣ», «Хокистари сўзон», «Хиёнат», «Рояли сафед», «Одам пўсташро иваз мекунад (5 қисм, телевизионӣ), «Рубоиёти Хайём», «Асрори оила», «Капқон барои шағолон», «Рубоиёти Хайём», «Капқон барои шағолон», «Ҷӯра – шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм, телевизионӣ), «Шаби охирини Шаҳрзод» намунае аз қариб панҷоҳ филманд, ки дар онҳо ба сифати рассом – ороишгар пайи дасташро гузоштааст. Соли 2008 ба Русия кӯчидааст.[1]

  1. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012. — C.50