Аламхон Аҳмадов

(Тағйири масир аз Корбар:Аламхон Аҳмадов)

Аламхон Аҳмадов (тав. 1 феврали 1951, Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — духтури терапевт, доктори илмҳои тиб (2000), професор (2001), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999).

Аламхон Аҳмадов
Таърихи таваллуд 1 феврал 1951(1951-02-01) (73 сол)
Зодгоҳ Кӯлоб
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1975)
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факлутаи муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1975).

Фаъолияти меҳнатӣ

вироиш

Духтури интерн дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб (1975–1976), духтури минтақавии дармонгоҳи шаҳри Кӯлоб (1976–1977), мудири шуъба (1977–78) ва сардухтури Бунгоҳи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб (1978–1984), сардухтури Беморхонаи Раёсати 4-уми Вазорати тандурустӣ дар шаҳри Кӯлоб (1984–1987), мудири шуъбаи тандурустии комиҷроияи шаҳри Кӯлоб ва ҷонишини мудири шуъбаи тандурустии комиҷроияи вилояти Хатлон (1987–1990), ҷонишини вазир (1990–1992) ва вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (19922003). Аз июни 2003 ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи зиёда аз 200 асари илмӣ ва 9 монография. Барои тамоман нест намудани бемории фалаҷи кӯдакон дар ҷумҳурӣ бо Сертификати Созмони байналмилалии тандурустӣ қадр карда шудааст (2002).

  • Анатомияи одам. Д., 1997;
  • Гюрзотоксин. Д., 1997;
  • Маҷмӯи савол ва ҷавобҳои санҷишӣ оид ба бемориҳои тропикӣ (вараҷа). Д., 2000;
  • Тандурустии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳозира ва самтҳои асосии такмили он. Д., 2002;
  • Мақоми кормандони тибби бахши кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар пешгирии бемориҳои зӯҳравӣ. Д., 2006;
  • Фарҳанги пизишкии русӣ-тоҷикӣ-англисӣ. Д., 2009.

Ҷоизаҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш