Соли 1983 дар деҳаи Некноти н. Панҷакент таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №13 ба номи Ф. Ансории деҳаи Некноти н. Панҷакент. Маълумоташ олӣ, соли 2009 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Соли 2009 фаъолияти кории худро ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2012 – 2015 дар вазифаҳои муаллими калон, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷорат ва ҷонишини декан оид ба илми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2015 вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷорати донишгоҳи мазкурро ба уҳда дорад. Соли 2007 дар Донишгоҳи Фридрих Шиллери Ҷумҳурии Федеративии Олмон курси омӯзиши забони олмониро хатм намуд. Солҳои 2010-2012 аспиранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 14 июни соли 2012 рисолаи номзадии худро пеш аз муҳлат дар Донишгоҳи давлатии лингвистикаи шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳое, ки бо муфлисшавӣ алоқаманд: масъалаҳои назария, амалӣ ва қонунгузорӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ профессор Шарипов Т.Ш. бомувафақият ҳимоя намудааст. Аз 8.04.2013 то 17.05.2013 курси пурраи таҳсилро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси равияи ҷамъиятӣ, аз 15.01.2019 то 05.02.2019 дар донишкадаи зикршуда курси такмили ихтисосро бо равияи иқтисодӣ хатм намуд.