Моддаи 9. Таъиноти захираҳои иттилоот 1.3ахираҳои иттилоот барои қонеъ гардонидани талаботи ҷамъияту давлат ба иттилоот, таъсиси фазои ягонаи иттилоотии мамлакат ва барои ҳамроҳ, шудани он ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоот таъин гардидаанд. 2.3ахираҳои иттилоот объектҳои муносибати давлат, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда, ба захираҳои умумидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, бо қонун ҳимоя карда мешаванд.

Моддаи 10. Асосҳои низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоотӣ 1.Низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоот бо меъёрҳои зерин муайян карда мешавад: -тартиби ҳуҷҷат кардани иттилоот ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ; -тартиби баҳисобгирӣ, сабти захираҳои иттилоотӣ; -ҳуқуқи моликият ва муаллифӣ ба захираҳои иттилоот, ҳуҷҷатҳои ҷудогона ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳо; -тартиби муайян кардани гурӯҳи захираҳои иттилоот аз рӯи дастрас намудан ва тартиби истифодабарии онҳо; -тартиби муҳофизати захираҳои иттилоот аз истифодаи беиҷозат ва аз харобшавӣ. 2.Низоми ҳуқуқии истифодаи захираҳои иттилоот бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордоду созишномаҳои иштироккунандагони муносибатҳои соҳаи иттилоотонӣ муқаррар карда мешавад. 3.Ба риоя шудани тартиби ҳуқуқии таҳия ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ моликони захираҳои иттилоотии дахлдор назорат мекунанд.

Моддаи 11. Аз системаҳои иттилоотӣ додани иттилооти ҳуҷҷатшуда 1. Иттилооти ҳуҷҷатшуда аз системаи иттилоотӣ бо тартибе, ки барои дастрас кардани захираҳои иттилоотӣ муайян шудааст ва мувофиқи талаботи шартномаҳои байни операторони системаҳои иттилоотӣ ва истифодабарандагони ин иттилоот баста шудааст, дода мешавад. 2.Талаботи иттилоотии истифодабарандагон аз тариқи зайл таъмин мегарданд: -таъмини шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ ва ғайра барои озодона ҷустуҷӯ намудан ва гирифтани иттилоот; -бо тартиби муайян паҳн намудани иттилооти расмӣ ба воситаи интишори он дар воситаҳои ахбори умум ва ҷобаҷогузории он дар китобхонаҳо, Интернет ва дигар шабакаҳои иттилоотии дастраси умум; -фурӯши маҳсулоти иттилоотӣ аз тариқи хизматрасонии иттилоотӣ; -таъмини шароит барои фаъолияти шабакаҳои иттилоотии дастраси умум; 3. Захираҳои иттилоотӣ дар асоси дархосте, ки шахси алоқаманд бо тартиби муқарраршуда ба операторони системаҳои иттилоотӣ ирсол кардааст, дастрас карда мешавад. Дархост фақат дар ҳолате рад шуда метавонад, ки иттилооти талабшуда дар системаи иттилоотӣ мавҷуд набошад ё дар мавриде, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои дигар пешбинӣ шуда бошанд. Иттилоот аз системаҳои иттилоотӣ ба истифодабарандагон ба таври ҳуҷҷатшуда дода мешавад. 4. Иттилоот аз системаҳои иттилоотӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла барои истифодаи афзалиятноки иттилоот аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии муқарраркардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқуллода дода мешавад.

Моддаи 12. Ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда 1. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ барои гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳуқуқ доранд. Ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда танҳо бо қонун маҳдуд шуда метавонад. 2. Таъмини ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ набояд ҳуқуқи шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дигари ҳуқуқӣ ва воқеиро халалдор намояд.

Моддаи 13. Шаклҳои иттилооти ҳуҷҷатшуда Иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият шакли ҳуҷҷати алоҳида ё маҷмӯи ҳуҷҷатҳоро (фонди ҳуҷҷатӣ, бойгонӣ, маҳзани маълумот ва дониш, дигар шаклҳои ташкили иттилоотро) дорад.

Моддаи 14. Ҳуҷҷат кардани иттилоот ва ташаккули захираҳои иттилоот 1. Ҳуҷҷат кардани иттилоот шарти ҳатмии ба захираҳои иттилоот ҳамроҳ намудани иттилоот мебошад. 2. Ҳуҷҷат баъди онро имзо кардани шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Эътибори қонунии ҳуҷҷате, ки бо системаҳои автоматиконидашуда ва телеиртибот (телекоммуникатсия) нигоҳдорию омода ва ирсол карда мешавад, бо имзои рақамии электронӣ тасдиқ шуда метавонад. 3.Имзои электронӣ дар сурати дар системаю шабакаҳои иттилоотӣ мавҷуд будани воситаҳои барномавию техникие, ки имзоҳоро ба ҳам монанду мушобеҳ месозанд ва дорои сертификати мувофиқат ё шаҳодатномаи эътирофи сертификатеанд, ки дар системаи миллии сертификатонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, эътибори қонунӣ пайдо мекунад. 4.3ахираҳои иттилоот, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда мешаванд, бояд мутобиқи талаботи стандарти ҷаҳонӣ ва якнавохтсозӣ бошанд. 5.Захираҳои иттилоотӣ метавонанд дар асоси иттилооте, ки дар ҷараёни ҳамкории иттилотӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин бо шахсҳои ҳуқуқӣ ё воқеӣ дар асоси шартнома дар доираи фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ ҳангоми хизматрасонии иттилоотӣ мавриди таҳия, коркард ва андухт қарор мегиранд, ташаккул ёбанд.

Моддаи 15. Иттилооти ҳуҷҷатшуда дар бораи шаҳрвандон 1. Манбаи иттилоот дар бораи шаҳрвандон ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки оиди фактҳо, воқеаву ҳолатҳои мансуби ин ё он шахси воқеӣ маълумот доранд. 2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти худ иттилооти ҳуҷҷатшударо дар бораи шаҳрвандон андухта, омода месозанд, нигоҳдорӣ мекунанд ва барои иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳояшон истифода мебаранд. 3. Феҳристи иттилооти ҳуҷҷатшудаи такмилёбанда дар бораи шаҳрвандон ва тартиби истифодаи он дар системаҳои иттилоотӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 4. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки иттилооти ҳуҷҷатшударо дар бораи шаҳрвандон дар ихтиёри худ доранд ва аз он истифода мебаранд, барои риоя накардани тартиби истифодаи ин иттилоот ҷавобгар мебошанд.

Моддаи 16. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои иттилоот 1.3ахираҳои иттилоот ҳамчун ҷузъи таркибии амвол буда, моликияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал, ташкилот ё худ моликияти хусусии шаҳрвандон мебошанд, ки аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд. 2. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотии молики дигаре, ки ба воситаи онҳо захираҳои иттилоот бо тартиби хизматрасонӣ мавриди коркард қарор мегиранд, дахл надорад. 3.3ахираҳои иттилоот, ба истиснои ҳолатҳое, ки сирри давлатӣ ё тиҷоратианд, мол буда метавонанд. Молики захираҳои иттилооте, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ мебошанд, ин моликиятро танҳо бо иҷозати мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ихтиёрдорӣ карда метавонад.

Моддаи 17. Захираҳои давлатии иттилоот 1.3ахираҳои иттилооте, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мудофиавии онро нишон медиҳанд, инчунин захираҳои дорои аҳамияти давлатианд, ба моликияти давлат мансубанд. Захираҳои иттилоотеро, ки аҳамияти давлатӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 2.Захираҳои давлатии иттилоот аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ ба вуҷуд оварда шуда, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идораи минтақавӣ ва соҳавиро таъмин менамоянд. 3. Захираҳои давлатии иттилоот ба феҳристи амволи давлатӣ дохил карда мешаванд ва бояд мавриди ҳисобот ва ҳимоя қарор гиранд. 4.3ахираҳои давлатии иттилоотро мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки барои ташаккул додан, нигоҳдорӣ, андухтан ва самаранок истифода бурдани онҳо масъуланд, мутобиқи салоҳияташон идора мекунанд. Корҳои ташаккул додан ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани захираҳои давлатии иттилоот ба ӯҳдаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ мебошад. 5.Ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вазифадоранд ба ташкилотҳое, ки барои ташаккули захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, иттилооти ҳуҷҷатшудае пешниҳод намоянд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ муаяйн кардаанд. Субъектҳое, ки иттилооти ҳуҷҷатшударо барои ҳамроҳ кардан ба захираҳои давлатии иттилоот пешниҳод мекунанд, аз ҳуқуқи ба ин ҳуҷҷатҳо доштаашон ва аз ҳуқуқи истифодаи иттилооте, ки дар ин ҳуҷҷатҳо ҳаст, маҳрум намегарданд. Феҳристи иттилооти ҳуҷҷатшудаеро, ки бояд ҳатман пешниҳод карда шавад ва рӯйхати мақомоту ташкилотҳоеро, ки барои андухтан ва коркарди захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 18. Захираҳои ғайридавлатии иттилоот 1.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ молики он ҳуҷҷатҳо, маҷмӯи ҳуҷҷатҳо, захираҳои иттилоотие мебошанд, ки аз ҳисоби маблағи онҳо тартиб дода шудаанд ё худ қонунан харидорӣ карда шудаанд. Захираҳои иттилоотие, ки худи молик тартиб медиҳад ва ё бо супориши ӯ аз ҳисоби маблағаш тартиб дода мешаванд, захираҳои ғайридавлатӣ ба шумор мераванд. 2.3ахираҳои ғайридавлатии иттилоот дар фаъолияти истеҳсолии молик барои эҷоди маҳсулот ва хизматгузории иттилоотӣ истифода карда мешаванд. 3.Давлат ҳақ дорад иттилооти ҳуҷҷатшударо аз ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ харида гирад.

Моддаи 19. Захираҳои иттилоот аз рӯи категорияҳои иҷозат 1.Захираҳои давлатии иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои иттилооти ҳуҷҷатшудае, ки ба категорияи иҷозаташ маҳдуд нисбат дода шудааст, ошкор ва дастраси умуманд. Захираҳои давлатии иттилоотро дастрас кардани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул аст. 2.Агар захираҳои иттилоот иттилооти дастрасаш маҳдуд набошад, молик ва истифодабаранда ҳақ дорад дар бораи хариду фурӯши ин захираҳои иттилоот шартнома бандад. 3.Тартиби истифодабарии захираҳои иттилоотиро моликон ва ё шахсони ваколатдори онҳо муқаррар менамоянд ва онҳо набояд хилофи қонунгузории амалкунанда бошанд.

Моддаи 20. Ба амал баровардани ҳуқуқи истифодабарандагон барои дастрас кардани иттилоот ва захираҳои иттилоот 1. Истифодабарандагон - шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои дастрас кардани захираҳои давлатии иттилоот ҳуқуқи баробар доранд ва шарт нест, ки дар назди моликони ин захираҳо зарурати гирифтани иттилооти талабкардаашонро, ба истиснои иттилооти дастрасаш маҳдуд, асоснок намоянд. 2.Моликон истифодабарандагонро бо иттилоот аз захираҳои иттилоот дар асоси низомнома ё шартномаҳои тасдиқ гардида бепул ё бо нархи шартномавии хизматрасонии иттилоотӣ таъмин менамоянд. 3.Истифодабаранда барои бе иҷозат истифода бурдан, нусха бардоштан, интишор додани захираҳои иттилоот, барои риоя накардани ҳуқуқи моликият ба захираҳо мутобиқи шартнома (созишнома) ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад. Тартиби ба иттилоот соҳиб гаштани истифодабарандаро молики захираи иттилоот бо риояи талабҳои ҳамин Қонун муайян мекунад. 4.Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракуние, ки барои ташаккул ва истифодаи захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, барои ба истифодабаранда фавран ва пурра пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда шароит муҳайё мекунанд. Барои надодани иттилооти дастраси умум аз захираҳои давлатии иттилоот ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 21. Роҳ додани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба иттилоот оиди онҳо 1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба бепул дастрас кардани иттилооти ҳуҷҷатишуда оиди онҳо ва ба аниқ намудани ин иттилоот бо мақсади мукаммал ва бодалел будани он ҳуқуқ доранд ва инчунин ҳуқуқ доранд донанд, ки ин иттилоотро кӣ ва ба кадом мақсад истифода кардааст ё истифода карданист. 2.Мақомоти давлатӣ ва дигар соҳибони захираҳои иттилоотӣ оид ба шахсони алоҳида вазифадоранд ин иттилоотро бо талаби он шахсоне, ки ин иттилоот ба онҳо дахл дорад, бояд пешниҳод намоянд, ба шарте, ки маълумоти мазкур иттилооти дастрасаш маҳдуд набошад. 3.Шахсоне, ки ҳуқуқ, ва манфиаташон аз тарафи моликон ва ё истифодабарандагони иттилоот вайрон шудааст, ҳақ доранд бо тартиби судӣ барқарор кардани ҳуқуқҳояшон ва ҷуброни зиёнро талаб намоянд.

Моддаи 22. Вазифаҳо ва масъулияти молики захираҳои иттилоотӣ 1.Молики захираҳои иттилоотӣ вазифадор аст тартиби мукаммал кардан ва замонавӣ гардонидани захираҳои иттилоот, тартиби коркарди онҳо ва қоидаҳои ба баҳрабаранда пешниҳод сохтани онҳоро риоя намояд. 2.Молики захираҳои иттилоот барои вайрон кардани тартиботи кор бо иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст.