“МАНОРАИ ВАРЗ” Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Осорхона ва ёдгориҳои таърихӣ ин оромгоҳу мазори фарҳангҳои гузашта мебошанд. Асосан, нисбати зиёратгоҳҳо мардум ҳамеша эҳтиромона муносибат мекунанд. Ва чунин ҳам бояд бошад. Зеро, ин оромгоҳи фарҳангҳои гузашта, макони муқаддасанд. Онҳо робитаи моро на танҳо бо гузаштагон, балки бо ояндагон низ, мепайванданд. Имрўз ҳар як давлати мутараққӣ ва ҳар як халқу миллати мутамаддин бо бузургтарин осорхонаву ёдгориҳои тарихии худ дар арсаи ҷаҳонӣ ифтихор доранд. Бояд қайд кард, ки моро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тариқи тамаддунҳои фарҳангиамон мешиносанд. Албатта ҳар як меҳмоне ва ё ҳар як сайёҳе, ки ба кишвари мо қадам ранҷа мекунад, аввал аз нодиртарин ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангиамон пурсон мешавад, дунболи тамаддунҳои гузашта мегардад. Хушбахтона дар кишвари мо ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ хеле зиёданд ва мо бо ифтихор метавонем онҳоро ба меҳмонони хориҷӣ муаррифӣ кунем. Имрӯза маркази маъмурии ноҳияи Айнӣ, деҳаи Варз аз асрҳои VII-VIII арзи вуҷуд дорад. Мувофиқи ахбори ҳуҷҷатҳои суғдӣ, ки дар кўҳи Муғ ёфт шудаанд, номҳои зиёде аз деҳаҳои кӯҳистони ноҳия аз ҷумла Варз зикр ёфтааст, ки ин бе шубща далели умри беш аз ҳазору сесадсола доштани ин русторо исбот менамояд. Пас аз бунёди манора ва дар назди он масҷиди калон, ки тақрибан дар асрҳои IX-XI сохта шудаанд, деҳа номи «Варзи Манор»-ро мегирад.

Асосан, дар ноҳияи Айнӣ, ёдгориҳои таърихии зиёде мавҷуданд, ки маъмултарини онҳо “Манораи Варз” ба ҳисоб меравад. Ин мероси таърихии асри IX-XI таърихи аҷибе дорад. Мувофиқи ривоятҳо дар водии Зарафшон бо дастури ҳокими Ҳиндустон аз тарафи сулолаи Халҷӣ ҳамагӣ ҳафт манора месозанд. Муаррихон хабар медиҳанд, ки пас аз дидани хобҳои парешон Султон Ҷалолиддин Муҳаммади Халҷӣ бо фатвои муфтӣ ва муаззими мусулмонтабори ҳинд дар кӯҳистони Зарафшон ҳафт манора бунёд менамояд, ки то замони мо 3-адад аз он манораҳо боқӣ мондаанд ва якеи аз онҳо ин “Манораи Варз” мебошад.  

Дар дохили манора зинапояи морпеч ҳаст, ки барои ба қафаса баромадан хидмат мекунад. Даромадгоҳаш тақрибан 1х2 метр буда, зинапояҳояш бо чӯб сохта шудаанд. Ривоят мекунанд, ки замоне аз болои манора муаззин мардумро ба намоз даъват мекардааст ва дар лаҳзаҳои лозима чун истеҳкоми ҳарбӣ бо дуд (рӯзона) ва оташ (шабона) аз вазъи ногувор мардуми ҳамсоядеҳҳоро хабар медодааст. Манора гумбаз низ доштааст, вале бо мурури замон аз байн рафтааст. Дар назди манора масҷиди қадима вуҷуд дорад, ки мардуми маҳал то ба имрӯз онро истифода мекунанд. Масҷид дар замони худ хеле боҳашамат ба ҳисоб рафта, устоҳои кандакор онро моҳирона пӯшонидаанд. Тахмин меравад, ки масоҳати масҷид ва манор хеле васеъ будааст. Ҳоло бошад танҳо бинои бе саҳн бо манора мондааст. Мувофиқи гуфтаи сокинони деҳа, ки аз гузаштагон шунидаанд, манора бо масҷид тақрибан дар як замон сохта шуда, бо ҳам алоқамандии наздик доранд. Манора, ки дар бари масҷид бо шукўҳу шаҳомат қомат афрохтааст, як мероси бебаҳо аз гузаштагони соҳибфарҳангу тамаддунамон мебошад. Агар ба қисмати болоии ҳамин манора хубтар назар кунед, як меъмории нодирро мушоҳида мекунед, ки ин аз зебопарастии мардуми ҳамон давра шаҳодат медиҳад. Гарчанде боду борон рўи он кандакориро андак хароб карда бошад ҳам вале, бо диди тез метавон онро ба хубӣ мушоҳида намуд. Дар ҳақиқат меъмории ин манора нотакрор буда, ҳар яке аз қисматҳои он моҳирона сохта шудааст. Манора дар дохилаш зинапояи тобхўрда дорад, ки бо чӯб сохта шудаанд ва тавассути он метавон то баландии манора баромад. Ҳангоми ворид шудан ба дохили он кас ба ҳаяҷон меояд. Зеро, ин манора бештар аз ҳазор сол аст побарҷо, дар худ ҳазорон роз дорад ва шоҳиди ҳазорсола умри мардуми бофарҳангу тамаддуни Варзи Манор мебошад.

   Чуноне, ки дар боло гуфтем, масҷид ҳам бо манора дар як вақт сохта шудааст. Гарчанде қисмати берунии он борҳо азнавсозӣ шудааст, вале қисмати дарунии он ҳанўз ҳамон аст, ки буд. Мо аз аксҳое, ки дар давраҳои гуногун гирифта шудаанд, мебинем ки қисмати берунии масҷид яке аз дигаре ба куллӣ фарқ мекунанд. Аз рўи ривоятҳо масҷид дар замони бунёд гаштанаш хеле боҳашамат буда, масоҳати берунияш ҳам хеле калон будааст. Дар даврони ҳокимияти Иттиҳоди Шўравӣ  мавқеъ ва аҳамияти ҳам манора ва ҳам масҷид куллан шакли дигар гирифт. Ҳокимияти Шўравӣ ва сохтори давлати коммунистӣ-сотсиалистӣ ақидаҳои мардумро тамоман дигар кард. Ва чун масҷид холӣ монду касе дигар ба он барои ибодат кардан намедаромад, бино барои хидматрасонӣ ба идораи алоқа (почта) ба истифода дода шуд. Баъдан барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуурнокии мардум бинои масҷид ҳамчун китобхона ба мардум хидмат мерасонид. Аз баландии манора тариқи баландгўяк ба мардум радио шунавонида мешуд. Хушбахтона имрўз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масҷидро ҳамчун ибодатгоҳ мардуми ноҳия истифода мекунанд. 

Масҷид ва “Манораи Варз” яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихӣ ба шумор рафта, маҳфуз ва гиромидошти он ҳамчун осори бебаҳои ниёгон имрўз дар ўҳдаи ҳар яки мост. Зеро гузаштагонамон онро сохтанд, ҳифз карданд ва то ба мо оварда расониданд. Ва мо ҳам бояд ин осори пурганҷро ба наслҳои оянда ҳамчун тўҳфа мерос гузорем. Шамсиддин Халифаев “Файзи Зарафшон”