Коргоҳи истеҳсоли “Ванадий”

Коргоҳи истеҳсоли “Ванадий” - дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд воқеъ аст.

Таърихи ифтитоҳи коргоҳ

вироиш

Коргоҳи истеҳсоли “Ванадий”-и Коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ” бо хатти истеҳсолӣ пас аз анҷоми корҳои навсозӣ ва барқарорсозӣ 9 апрели соли 2024 мавриди истифода қарор гирифтааст. Коргоҳи мазкур аз солҳои 80-ум инҷониб бе кор буд ва пас аз танаффуси тӯлонӣ хатти аввали истеҳсолии коргоҳ дар доираи амалӣ намудани иқдомҳо ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда пурра навсозӣ гардида, дар он истеҳсоли “Поливанадати аммоний” ва “Панҷоксидаи ванадий” роҳандозӣ гардидааст.

Коргоҳ иқтидор дорад, ки дар як сол то 200 тонна маҳсулот истеҳсол намуда, ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намояд. Маҳсулоти истеҳсолшуда таъиноти содиротӣ дошта, ба Федератсияи Русия, кишварҳои Аврупо ва Ҷумҳурии Узбекистон содирот мешавад ва ин таҷрибаи нахустин ба ҳисоб меравад. Коргоҳ дар асоси ашёи хоми воридотӣ фаъолият намуда, ҳамкорӣ бо корхонаҳои азими Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон барои дастрассозии ашёи хом ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти ниҳоии коргоҳ серхаридор буда, “Ванадий” барои мустаҳкамсозии таркиби металл, тобовар намудани он ба гармиву сардии аз меъёр зиёд ва дар саноати истеҳсоли рангҳои ороишӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Хатти истеҳсолии коргоҳ дар асоси технологияи ватанӣ ва аз Федератсияи Русия бо ҷалби сармояи дохилӣ пурра навсозӣ шуда, сифати баланди маҳсулотро мутобиқи талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ таъмин мекунад. Барои истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ашёи хом аз 10 марҳилаи коркард гузашта, сипас дар доираи стандартҳои ҷории байналмилалӣ маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол карда мешавад ва назорати сифати он низ бо ҷалби мутахассисони баландтаҷриба роҳандозӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар коргоҳи истеҳсолӣ 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор гардида, бо маоши хуб таъмин шудаанд.Тавре иттилоъ дода шуд, дар марҳилаҳои баъдии барқарорсозӣ шумораи кормандон ба 150 нафар расонида мешавад. Ҳамчунин иқтидори истеҳсолии коргоҳ низ бо таҷдид гардидани дигар хаттҳои истеҳсолӣ дар солҳои оянда боз ҳам баландтар хоҳад гашт.[1]

Нигаред низ

вироиш