Коргоҳи ҶДММ «Адл» — дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд вокеъ аст.

Таърихи ифтитоҳи коргоҳ

вироиш

Марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл» 17 ноябри соли 2024 мавриди истифода қарор дода шудааст. Масоҳати умумии замини коргоҳи истеҳсолӣ зиёда аз 3 ҳазору 300 метри мураббаъ буда, бо истифода аз ашёи хоми баландсифат, дар он 5 намуд дучарха барои калонсолон ва кӯдакон истеҳсол карда мешавад. Дар коргоҳи мазкур мутахассисону коргарон ҳамарӯза фаъолият намуда, солона беш аз 10 ҳазор дучарха истеҳсол менамоянд. Бо назардошти ин таъмини бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот ҳадафи аслии роҳбарияти ҷамъият ба шумор рафта, содироти он ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло намудҳои гуногуни маҳсулоти корхона бо тамғаи «Адл» ба бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон интиқол меёбад.

Бо таъсиси коргоҳи нави истеҳсолӣ 20 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуда, шумораи умумии кормандони корхонаи ҶДММ «Адл» ба зиёда аз 120 нафар расид.[1]

Нигаред низ

вироиш