Корхонаи истеҳсоли гугирди ҶДММ "Расули Валӣ"
Корхонаи истеҳсоли гугирди ҶДММ "Расули Валӣ" — дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон воқеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳ
вироишИн корхонаи истеҳсолӣ дар минтақаи саноатӣ-истеҳсолии шаҳри Бохтар дар масоҳати умумии 10 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Хатти технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Олмон ворид ва насб гардида, барои истеҳсоли маҳсулот ашёи хом қисман аз хориҷ ворид мегардад. Дар корхона 40 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд, ки аксари коргарону мутахассисонро занон ташкил медиҳанд. Корхона бо харҷи ду миллион сомонӣ сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд ёфта, истеҳсол ва бандубасти маҳсулот тавассути технологияи пешрафта ба роҳ монда шудааст. Коргарон аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бохтар дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон мусоидат мекунад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ www.president.tj. Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гугирд дар шаҳри Бохтар(тоҷ.) (10 сентябри 2024). 10 ноябри 2024 санҷида шуд.