Корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лулаи ҶДММ “Абдуллоев Саидбой”
Корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лулаи ҶДММ “Абдуллоев Саидбой” — дар шаҳри Гулистон и вилояти Суғд вокеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳ
вироишКорхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидбой Абдуллоев дар доираи “Солҳои рушди саноат” бунёд карда шудааст.
Он дар масоҳати 1 гектару 5 садяк замин бунёд гардида, аз ду коргоҳи истеҳсолии ноқили барқӣ, рӯдаи резинӣ ва гофра иборат аст. Коргоҳи истеҳсоли ноқили барқӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ ҷойгир буда, тавоноии истеҳсолияш 300 ҳазор метри тӯлонӣ дар моҳ мебошад. Дар ин коргоҳ то 30 намуд ноқили барқӣ бо тавононии аз 450 волт то 1 киловолт истеҳсол карда мешавад. Ин ноқилҳо барои гузаронидани хатти барқи дохилии биноҳои истиқомативу маъмурӣ нигаронида шудаанд. Дар ин коргоҳ дар ду баст 14 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши мувофиқ таъмин гардиданд. Айни ҳол маҳсулоти хом барои рӯйкаши ноқилҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Дар оянда дар нақша аст, ки истеҳсоли гранулаҳои пластикӣ дар худи ҳамин корхона ба роҳ монда шавад.
Фаъолияти коргоҳи дигари ин корхона ба истеҳсоли рӯда (шланг)-и резинӣ нигаронида шудааст. Дар коргоҳ 8 нафар дар ду баст ба кор ҷалб карда шудаанд. Дастгоҳҳои коргоҳ низ истеҳсоли ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ буда, ворид ва насб карда шудааст. Коргоҳи истеҳсолӣ дар масоҳати 648 метри мураббаъ бунёд карда шуда, дар як моҳ тавоноии истеҳсоли 60 ҳазор метр рӯда (шланг)-и резинӣ ва гофраро доро мебошад. Дар ин ҷо 7 намуд рӯда (шланг)-и резинии қутраш аз 10 то 40 миллиметр ва 5 намуд гофра бо қутри аз 16 то 40 миллиметр истеҳсол карда мешавад. Дар сохтмони корхона ширкати ватании “Амир” ҷалб гардида, он дар зарфи қариб як сол бо сифати баланд бунёд карда шудааст.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ www.president.tj. Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг) дар шаҳри Гулистон(тоҷ.) (8 сентябри 2024). 8 сентябри 2024 санҷида шуд.