Корхонаи ҶДММ «Вахш Саноат»
Корхонаи истеҳсоли мотосиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни ҶДММ «Вахш Саноат» — дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон вокеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳ
вироишКорхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ ҶДММ «Вахш Саноат», ноябри соли 2024, дар масоҳати 15 ҳазору 325 метри мураббаъ дар Ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон бунёд шудааст.
Корхонаи истеҳсолӣ аз сехи истеҳсоли қисмҳои оҳанини воситаҳои нақлиёт, қитъаи башаклдарории маҳсулоти фулузӣ, қитъаи кафшергарию сайқалдиҳии фулузот, сехи рангубордиҳии қисмҳои оҳанин, қитъаи рангдиҳию хушккунии ҷузъҳои калонҳаҷм ва хурдҳаҷми филизӣ, инчунин сехи васлу насби ниҳоии воситаи нақлиёт иборат мебошад. Дар корхона истеҳсоли зиёда аз 30 намуди чунин воситаи нақлиёт, аз ҷумла 5 намуд мотосикл, 6 навъ мотороллер, 15 хел скутерҳои дучарха ва 5 гуна сечарха ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона вобаста ба талаботи бозори дохилӣ дар як моҳ то 800 воситаи нақлиёт ва дар як сол 9 ҳазору 800 ададро ташкил медиҳад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ www.khovar.tj. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни ҶДММ «Вахш Саноат»-ро ба истифода доданд(тоҷ.) (7 ноябри 2024). 9 Декабри 2024 санҷида шуд.