Кот, Кат, Кос (форсӣ: کاث‎) — яке аз шаҳрҳои асосӣ ва пойтахти Хоразм дар замони Сомониён.

Маҳалли аҳолинишин
Кот
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Таърих

вироиш

Дар маъхазҳои асримиёнагӣ ба шаклҳои «Кож», «Кос», «Кад», «Када», инчунин бо номҳои «Қасаба», «Мансур» ва «Шаҳристон» низ зикр шудааст. Дар шарҳи номи Кот Муқаддасӣ ва Ёқути Ҳамавӣ гуфтаанд, ки он аз забони хоразмӣ аст ва маънии он деворест дар биёбон, ки дар атрофи он чизе набошад. Кот дар соҳили рости рӯди Ҷайҳун, дар фосилаи якрӯза роҳи Хева мавқеият дошт. Фосилаи Кот то Бухоро чаҳордаҳ манзил, то дарёи Хоразм (баҳри Арал) шаш манзил будааст. Ибни Фазлон фосиларо аз Омул то Кот тариқи киштӣ тавассути Ҷайҳун дувист фарсах навиштааст. Сиккае мансуб ба соли 698 аз халифаҳои Умавӣ дарёфт шудааст, ки дар он номи Кот ҳамчун зарробхона ёд мешавад. Муқаддасӣ дар мавриди таърихи бунёди Кот қиссаеро зикр мекунад, ки гӯё яке аз шоҳони қадими Ховар бар чаҳорсад тан аз лашкариёни худ хашм гирифта, онҳоро ба 100 фарсанг аз ободиҳо дур фиристод, ки ҳамон Кот буд. Онҳо батадриҷ ин ҷоро обод карданд, то ба шаҳре табдил шуд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз фарде ба номи Беварди Котӣ ёд мекунад, ки донишмандон мегӯянд манзур ҳамон Кот дар Хоразм аст. Муаллифи «Ҳудуду-л-олам» Кот-ро дарвозаи «туркони Ғуз», «боргоҳи туркону хазарон» ва «ҷойгоҳи бозаргонон» номидааст. Ба қавли Истахрӣ Кот куҳандизи қадимие доштааст, ки дар асл шаҳре буд ва оби рӯд онро хароб кардааст. Сарои хоразмшоҳ наздики масҷиди ҷомеъ ва зиндон наздики куҳандиз буд. Аз миёни шаҳр рӯде мегузашт, ки онро «Ҷардур» мегуфтанд ва бозори шаҳрро ин рӯд ба ду қисм ҷудо мекард. Кот дар тӯлу арз се фарсанг дар се фарсанг, яъне тақрибан баробар ба Марви тоисломӣ буд. Тибқи ақидаҳои дигар арзу тӯли Кот сеяки фарсах ё чун Нишопур як фарсахро ташкил мекардааст.

Куҳандизи шаҳр «Фил» ё «Фир» ном дошта, зоҳиран, чанд аср қабл аз салтанати Сомониён маркази Хоразм будааст. Масҷиди ҷомеъ дар шафати куҳандиз ҷойгир буда, сутунҳояш ба андозаи қомати як мард аз санги сиёҳ бунёд гардида, болои он сангҳо сутунҳои чӯбӣ гузошта шуда буданд. Дар баробари зикри ободиҳои Кот ҳамчунин ҷуғрофиёнависони асримиёнагӣ Кот-ро яке аз шаҳрҳои ифлостарин ном бурдаанд, ки сокинонаш партовҳоро дар роҳравҳо мерезанду ба рӯи онҳо гаштугузор мекунанд. Куҳандизи Кот ба соҳили рӯд бисёр наздик будааст, ки тадриҷан бо таъсири «ҳуҷум»-и оби он дучори тахриб гашта, хавфи харобгардии бахши дигари шаҳр низ пайдо мешуд. Аз ин рӯ, шаҳр тадриҷан ба ҷониби шарқ густариш пайдо мекард. Шаҳр то соли 995 (заволи ҳукумати Афреғиён) чун маркази Хоразм боқӣ монда пас аз он ҷои худро ба Гурганҷ дод. Ибни Батута аз Кот ба унвони шаҳри кӯчак ёд карда, зикр мекунад, ки обе дорад, ки дар вақти сармо ях бастааст ва кӯдакон дар рӯи он суруд мехонанду бозӣ мекунанд. Аз садаи 14 ба баъд Кот ба номи Шаҳбозвалӣ маъруф буд. Русҳо, ки «ҳ»-ро «х» талаффуз мекунанд, онро «Шахбосвалӣ» зикр карданд ва тарҷумонҳо низ онро ба форсӣ «Шайх Аббосӣ валӣ» тарҷума карданд. Харобаҳои Кот, ки имрӯз бо номи «Шайх Аббоси Алӣ» маъруфанд, ки 44 га-ро дар бар гирифта, аз он маводди зиёди бостоншиносӣ дарёфт шудааст

Адабиёт

вироиш
  • Абдуллоев С. Ҷуғрофиёи таърихии давлати Сомониён.-Хуҷанд, 2001;
  • Бартольд В. В. Сочинения, т.1.-М.: Изд-во восточной литературы, 1963;
  • اصطخری. مسالک و ممالک. ترجمة محمّد ابن عبدالله تستری. به اهتمام ایرج افشار.-تهران، 1373