Шамсуддини Мақдисӣ

ҷуғрофиёдон, тоҷир ва сайёҳӣ қарни даҳуми мелодӣ
(Тағйири масир аз Муқаддасӣ)

Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Мақдисӣ ё Муқаддасӣ (ар. شمس الدين المقدسي‎; 946/947, Байтулмуқаддас — баъди соли 1000) — ҷуғрофиёдон, тоҷир ва сайёҳӣ қарни даҳуми мелодӣ.[1] Ӯ барои навиштани китобаш аз соҳили Ҳинд то Андалус дар Испониё мусофират кард ва бештар навиштаҳояш бар пояи мушоҳидоти худи ӯ аст. Вай амиқан дар ҳама фаъолитҳои иқтисодӣ, динӣ ва бозаргонии мардумони ҳар ноҳия таҳқиқ мекард ва дар ибтидои китоби худ низ тавзеҳ додааст, ки китобаш танҳо ба шарҳи кӯҳҳо ва биёбонҳову рӯдҳо ва дарёҳои мамолики исломӣ напардохтааст.

Шамсуддини Мақдисӣ
ар. شمس الدين المقدسي
Таърихи таваллуд 945
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 990
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ ҷуғрофиё

Зиндагинома

вироиш

Муҳаммад ибни Аҳмад Шамсуддин ал-Мақдисӣ дар Байтулмуқаддас зода шуд. Ӯ пас аз поён мусофиратҳояш ва дар чиҳилсолагӣ китоби "Аҳсанултақосим фӣ маърифату-л-ақолим"-ро навишт, ки дар навъи худ комилтарин ва ҷомеътарин китоб мебошад. Мақдисӣ дар аввали китоби худ бо диди интиқоди аз илми ҷуғрофиё дар назди аъроб то рӯзгори худаш суҳбат кардааст ва аз сахтиҳое, ки дар роҳи навиштани ин китоб кашида, сухан гуфтааст. Мақдисӣ барои ҷамъоварии иттилоот дар ҳар ноҳияе ба матни ҷомеаи онҷо нуфуз мекард, ба ин тартиб, ки бо қозии он нишаст ва бархост мекарда ва дар ҳар шаҳре ба бозаргони мепрдохта ва бо анвоъи одамҳо дар онҷо муошират менамудааст. Дар маҷолиси достонсароёни минтақа ҳузур меёфт ва ҳатто ба истихдоми волиён ва маликон онҷо низ дармеомад. Ҳамчунин, фосилаи ҳар шаҳр бо шаҳри дигарро ба даст меовард ва дар қавму нажод ва забону мазҳаби мардум ҳар минтақа таҳқиқ менамуд. Вай дар ҳама фаъолитҳои иқтисодӣ, динӣ ва бозаргонии мардумони ҳар ноҳия таҳқиқ мекард ва дар ибтидои китоби худ низ тавзеҳ додааст, ки китобаш танҳо ба шарҳ кӯҳҳо ва биёбонҳо ва рӯдҳо ва дарёҳои мамолики исломӣ напардохтааст.

Адабиёт

вироиш
  • Мукаддаси // Советская историческая энциклопедия : в 16 т. / под ред. Е. М. Жукова. — М. : Советская энциклопедия, 1966. — Т. 9 : Мальта — Нахимов. — 1000 стб.
  • Сериков И. И. Приложение. Ал-Мукаддаси // Восточное историческое источниковедение и вспомогательные исторические дисциплины. — М.: Наука, 1994. — Вып. 2.
    • «فرهنگ مکتشفین و جغرافی نویسان جهان». نیک بین، نصرالله. انتشارات نبوی، چاپ وزیری، ۱۳۷۵.