Аз 1,5 то 50 (баъзан 75) м қад мекашад. Дарозии сӯзанбарги онҳо аз 2 то 30 – 35 см, дарозии чалғӯзааш аз 2,5 – 7 то 40 – 45 см мешавад. Санавбар 300 – 400 сол умр мебинад.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 60 намуди онро мепарваранд (Pinus pallasiana, Pinus pityusa, Pinus excelsa, Pinus brutia, Pinus strobus ва ғайра).
Бино ба ақидаи табибони мардумӣ барги хушки санавбарро кӯфта бипошанд, ҷои чокшуда ва даридаи пӯстро сиҳат мекунад, барги тару тозаи онро дар об ҷӯшонда, бо он об ғусл кунанд, мондагиро бартараф месозад, баданро аз чирк пок ва бадбӯии арақи танро дафъ менамояд; дар он то ноф даромада нишинанд, бемориҳои мақъадро ба ибро меоварад; он обро дар даҳон гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Қатрона санавбарро бимоланд, мӯи рехтаи мижа ва абрӯро мерӯёнад, барои гудохтани барҷастагии гӯшти чашм аз тарафи бинӣ дору мешавад. Барги тари санавбарро кӯфта гузошта банданд, хунравиро аз ҷароҳат манъ мекунад. Истеъмоли решаи санавбар (9 г) исҳолро мебандад, харошидагии даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад. Кӯфтаи онро ба сӯхтаи оташ ва оби ҷӯш бипошанд, зуд ба ибро меоварад. Мағзи донаи санавбарро бихӯранд, қуввати боҳ мебахшад, иштиҳо меорад, асабҳоро қавӣ мегардонад, барои иллатҳои фолиҷ, каҷ шудани рӯй, кузоз, дарди буғумҳо, бемориҳои ҷигар, истисқо нофеъ аст. Мағзи тухми санавбарро бо тухми бодиринг якҷо кӯфта бихӯранд, пешобро меронад, захми гурда ва пешобдонро сиҳат мекунад. Миқдори як бор хӯрдан аз мағзи тухми санавбар дар як рӯз то 7 г, аз ҷӯшоби барги он 25 г аст. Агар мағзи тухми санавбарро барои афзудани қувваи боҳ истеъмол карданӣ бошанд, пас онро бояд якҷо бо кунҷид ва асал бихӯранд. Онро набояд аз 12 г зиёд истеъмол кард, зеро рӯдаҳоро ба дард оварда, боиси печиши онҳо мешавад.
Беҳтарини шилми санавбар он аст, ки рангаш сафеди моил ба зардӣ бошад ва бӯи санавбар аз он шамида шавад. Ба андозаи донаи нахӯд аз он гирифта бо зардии тухми мурғи нимпухта бихӯранд, сурфаи кӯҳнаро нафъ дорад. Агар ин шилмро бихоянд, барои сурфаи тар даво мебошад.
- Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972;
- Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
- Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989;
- Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998;
- Энциклопедия народной медицины, т. 7.
- Лекарственные растения, М., 2000.