Кристиан Тот (маҷорӣ: Krisztián Tóth; зод. 1 май 1994[1], Дармштадт[d], Ҳессен) — ҷудукори маҷористонӣ, қаҳрамони ҷудуи Маҷористон, ғолиби Универсиадаи тобистона, қаҳрамониҳои ҷудуи Аврупо ва ҷаҳон. Барандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпии Токио—2020.

Кристиан Тот
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус ҷуду[2]
Зодрӯз 1 май 1994(1994-05-01)[1] (30 сол)
Зодгоҳ
Қад 1,74 м
 Парвандаҳо дар Викианбор

Корномаи варзишӣ

вироиш

1 майи соли 1994 дар Дармштадт (Ҳессен)-и Маҷористон таваллуд шудааст. Дар вазни миёна (то 90 кг) баромад мекунад. Дорандаи нишони нуқра (2008) ва тилои қаҳрамонии ҷудуи Маҷористон (2009—2010) байни кадетҳо. Ғолиби ғолиби Қаҳрамонии ҷудуи Маҷористон байни наврасон (2010—2011). Ғолиби Қаҳрамонии ҷудуи Маҷористон байни ҷавонон (2012). Панҷ маротиба паиҳам (2011—2015) қаҳрамони ҷудуи Маҷористон байни калонсолон шуд.

Ғолиб ва ҷоизадори чандинкаратаи мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ. Барандаи нишони биринҷии Универсиадаи тобистонаи соли 2019 дар Неапол. Барандаи нишони биринҷӣ (2014) ва нуқра (2016)-и Қаҳрамонии ҷудуи Аврупо. Барандаи нишони нуқраи Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон дар соли 2014 дар Челябинск.

Дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷудуи Аврупо—2021, ки дар Лиссабон баргузор шуд, варзишгари маҷористонӣ дар вазни 90 кг тавонист нишони биринҷии ин мусобиқаро ба даст орад. Дар Бозиҳои олимпики Токиё барандаи нишони биринҷӣ гашт.