Кулчаи равғанӣ
Кулчаи равғанӣ хамири он аз орд, хамирмоя, шир, равғани дунба ё зард ва ҷаззаи кӯфта тайёр карда мешавад. Баъд аз расидани хамир онро ба зуволаҳои 80-100 г ҷудо карда, ҳамчун нони обӣ кулчаҳо месозанд. Ба рӯйи кулча нонпар зада, 20-25 дақиқа болояшро пӯшонда мемонанд, то ки кулча дам гирад ва баъд дар танӯр ё тафдон мепазанд. Баъди сурх шудани кулчаҳо ба рӯи онҳо равған мемоланд. Барои кулчаи равғанин ба 1 кг орд 1 истакон шир, 20 г хамирмоя, 1 истакон равған, 0,5 истакон ҷазза, 2 қошуқча намак, барои ба рӯйи нон молидан 2 қошуқ равғани зард лозим аст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Нонпазӣ. 20 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |