Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи сармоягузорӣ тадбирҳои мақсаднок оид ба ҷалб, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна, идораи амволи давлатӣ, роҳбарӣ ва амалӣ намудани раванди ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, манфиати давлатро ҳамчун соҳибмулк намояндагӣ мекунад, фаъолиятро оид ба иҷрои барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ анҷом медиҳад.
Иттилооти куллӣ | |
---|---|
пешинаи |
Комитети давлатии республикавии ҶШС Тоҷикистон оид ба идораи молу мулки давлатӣ Кумитаи амволи давлатии ҶШС Тоҷикистон |
Роҳбарӣ | |
Масъули иҷроия | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Раиси кумита | Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод [1] |
Муовини якуми Раиси кумита | Мирзо Хуршед Файзуллозода |
Муовини Раиси кумита | Зуҳурзода Саид Холаҳмад |
Муовини Раиси кумита | Хуршедаи Қодир |
Сохтор | |
Шумораи кормандон | 93 |
Вебгоҳ | investcom.tj |
Таъсис
вироишКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро аз аввали солҳои соҳибистиқлол оғоз намуд. Сараввал он бо Фармони Президенти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1991, № УП-12 “Дар бораи таъсиси Комитети давлатии республикавии ҶШС Тоҷикистон оид ба идораи молу мулки давлатӣ” таъсис дода шуд. Бо Фармони Президенти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1991, № УП-14 “Дар бораи Раиси Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба идораи молу мулки давлатӣ таъйин кардани рафиқ Каримов И.Ҳ.” аввалин Раиси Комитет Каримов Исматулло Ҳомидович таъйин гардид. Бо Қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1991, №250 “Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Кумитаи амволи давлатии ҶШС Тоҷикистон” аввалин низомномаи Комитет тасдиқ карда шуд. Баъдан, бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои қонунгузорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 1997, №464 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (с. 1997, №10, моддаи 160; с. 2002, №4, қонуни 1, моддаи 167; с. 2003, №12, моддаи 699; с. 2009, №3, моддаи 90; с.2016, №7, моддаи 630) ба тасвиб расид. Аз соли 2006 ин ҷониб, мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, №9 “Дар бораи такмил додани сохтори мақомоти марказии Ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2016, №590 “Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2011, №135; аз 31.05.2012, №296; аз 13.09.2012, №488) сохтор, низомнома ва номи Кумита дар таҳрири нав такмил дода шуд.
Сохтори дастгоҳи марказӣ
вироиш- Роҳбарият
- Сарраёсати сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна
- Раёсати ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва мониторинги лоиҳаҳо
- Раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ
- Раёсати моликияти давлатӣ
- Раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатӣ
- Раёсати дастгирии соҳибкорӣ
- Раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ
- Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ
- Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
- Шуъбаи молия ва хоҷагӣ
- Шуъбаи умумӣ ва назорат
- Шуъбаи маҷмўӣ ва иттилоот
Номгӯйи ташкилотҳои системаи Кумита
вироиш- Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ
- Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ
- Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузорӣ
- Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷинвест"
- Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ"
Роҳбарияти кумита
вироишРаиси Кумита | Қодирзода Саъдӣ Сангимурод |
---|---|
Муовини якуми Раиси Кумита | Мирзо Хуршед Файзуллозода |
Муовини Раиси Кумита | Зуҳурзода Саид Холаҳмад |
Муовини Раиси Кумита | Хуршедаи Қодир |
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- gki.tj/tj/ — вебгоҳи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 26 марти 2018 сол.