Саъдӣ Қодирзода
Саъдӣ Сангимурод Қодирзода (Қодирзода Саъдӣ Сангимурод, тав. 4 майи соли 1978) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сайт | president.tj |
---|
Зиндагинома
вироишСаъдӣ Сангимурод Қодирзода 4 майи соли 1978 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчии байналхалқӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 2000 ҳамчун мутахассиси дараҷаи дуюми Шуъбаи асъори Бонки тиҷоратии «Душанбе» оғоз намуда, сипас то соли 2015 дар мансабҳои сармутахассиси шуъбаи дурнамои раёсати дурнамо ва рушди минтақаҳои Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбари раёсати таҳлили макроиқтисодӣ, сармутахассиси раёсати инвеститсияҳои хориҷӣ, сармутахассиси шуъбаи таҳияи Барномаҳои давлатии сармоягузорӣ, сардори раёсати Барномаҳои давлатии сармоягузорӣ, сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари лоиҳаи ҶСК «Сомон Капитал», муовини роҳбари дирексияи ҷамъбасти таҳлилӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, роҳбари мудирияти кор бо кормандон, муовини сардори шуъбаи назорати дохилӣ ва ҳамоҳангсозии филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ва сардори Сарраёсати сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2015-2019 дар мансаби Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2020 дар мансаби муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2020 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.[1]
Инчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Қодирзода Саъдӣ Сангимурод Раиси Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). www.president.tj (3 ноябри 2020). 15 Декабри 2023 санҷида шуд.