Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад
Иттилооти куллӣ | |
---|---|
пешинаи |
Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат (1988) Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992) |
Роҳбарӣ | |
Масъули иҷроия | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Раиси Кумита | Хайрулло Ибодзода |
Сохтор | |
Шумораи кормандон | 1444 |
Вебгоҳ | hifzitabiat.tj |
Таъсис
вироишСоли 1988 Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат ба имзо расид. То аввалҳои солҳои навадум давраи ташаккулёбии Кумита ба ҳисоб меравад.
- Сохтори Кумита дар он давра аз чунин раёсату бозрасӣ ва шуъбаҳо иборат буд:
- Раёсати асосии истифодабарии табиат;
- Раёсати асосии прогресси илмӣ-техникӣ;
- Маркази ҷумҳуриявии худидоракунии илмӣ-истеҳсолӣ ва Маркази иттилоотии «Табиат»;
- Бозрасии махсусгардондашудаи назорати давлатӣ дар самти истифодабарии олами набототу ҳайвонот;
- Бозрасии махсусгардондашудаи назорати давлатӣ дар самти ҳифз ва истифодабарии замин;
- Бозрасии махсусгардондашудаи назорати давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо;
- Бозрасии махсусгардондашудаи назорати давлатӣ дар самти ҳавои атмосфера;
- Бозрасии махсусгардондашудаи назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои об;
- Шуъбаи ҳифзи захираҳои моҳӣ;
- Лабораторияи назорати таҳлилӣ;
- Идораи нашрияи ҳафтавори “Наврӯзи Ватан”.
- Шуъбаи Тоҷикистонии Умумииттифоқии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии об.
Дар аввали солҳои навадум дар назди Кумита Шӯрои илмии техникӣ низ таъсис ёфта буд. Бо тақозои давр ва дигаргуниҳои куллии рухдода Кумита борҳо табдили ном карда, ҳамзамон дар сохтори он тағйиротҳо ба вуҷуд омаданд. Соли 1992 Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Соли 2004 дар натиҷаи якҷоя шудани ду мақомоти давлатӣ сохтор номи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангалро гирифт. Соли 2006 Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ба Вазорати кишоварзӣ ҳамроҳ карда шуд. Дар ин давра барои ҳамоҳанг сохтани меъёрҳои кишоварзӣ ба талаботи ҳифзи табиат кӯшиши фаъол ба харҷ дода шуд ва дар сохтори Вазорати кишоварзӣ бо номи Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат арзи вуҷуд дошт. Соли 2008 Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Бо тағйирот: Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №162 сохтори Кумита аз чунин раёсату шуъба ва бахшу марказҳо иборат мебошад.
Сохтори дастгоҳи марказӣ
вироиш- Роҳбарият;
- Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ
- Раёсати корҳо (бахшҳои умумӣ, кадрҳо, ҳуқуқ, корҳои махсус ва корҳои хоҷагӣ);
- Шуъбаи банақшагирӣ, муҳосибот ва молия;
- Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот;
- Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера;
- Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо;
- Бахши робитаҳои байналмилалӣ;
- Бахши обуҳавошиносӣ.
Нақшаи идоракунӣ
вироиш- Дастгоҳи марказӣ;
- Экспертизаи давлатии экологӣ;
- Раёсат ва шуъбаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, шуъба ва бахшҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳифзи муҳити зист.
Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумита
вироиш- Агентии обуҳавошиносӣ;
- МД “Лабораторияи илмию тадқиқотии ҳифзи табиат”;
- МД “Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об”;
- МД “Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ”;
- МД “Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ”;
- Маркази назорати таҳлилӣ;
- Маркази ахбори экологӣ;
- Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ.
Ташкилотҳои тиҷоратӣ
вироиш- Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-истеҳсолии “Табиат”
- Корхонаи воҳиди давлатии "Сайду саёҳат"
Роҳбарияти кумита
вироиш- Назриев Мунаваршоҳ Назриевич аввалин раиси Кумитаи давлатии ҳифзи табиат ва баъдтар вазири он таъйин гардида, дар ин мансаб солҳои 1988 – 1992 адои вазифа намудааст.
- Хайруллоев Сайдулло аз охири соли 1992 то моҳи майи 1994 вазири ҳифзи муҳити зист буданд.
- Исмоил Давлатов аз моҳи майи соли 1994 то моҳи июли соли 1997 вазири ҳифзи табиат буданд.
- Сафаров Неъматулло Маҳмадуллоевич аз моҳи августи соли 1997 то моҳи октябри соли 1998 иҷрокунандаи вазифаи вазири ҳифзи табиатро ба уҳда дошт.
- Шокиров Усмонқул аз охири соли 1998 то аввали соли 2004 вазифаи вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
- Каримов Абдулвоҳид Ёқубович аз аввали соли 2004 то охири соли 2006 раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
- Қодирӣ Абдураҳмон аз охири соли 2006 то аввали соли 2008 вазифаи вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд.
- Зикиров Хурсандқул аз аввали соли 2008 то аввали соли 2011 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
- Салимов Талбак аз аввали соли 2011 то охири соли 2013 дар мансаби раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуд.
- Хайрулло Ибодзода аз моҳи декабри соли 2013 то ҳоло вазифаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доранд.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- hifzitabiat.tj — вебгоҳи расмии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 17 Январ 2018 сол.