Куфр ((ар. كفر‎ — пӯшонидан) — дар истилоҳи шаръ бединӣ, беимонӣ; инкори ҳар яке аз арзишҳои эътиқодӣ, ҳақоиқи динӣ ва аҳкому аркони шариат, ки имон овардан ба он фарз аст; муқобили имон.

Мафҳум

вироиш

Дар таълимоти исломӣ куфр ва инкори ҳақоиқи динӣ роҳҳои расидани паёми Ҳақ ба ҷони одамиро пӯшонида, дар пеши чашми вай пардае ба вуҷуд меоварад. Куфр, ширк ва ибодати ғайри Худо бо тамоми асосҳои имонӣ ва пояҳои эътиқодӣ мухолиф буда, дар ҳеч шариате ҷоиз нест. Куфр ва худоношиносӣ баландтарин сатҳи гуноҳ дар пешгоҳи Худованд ба шумор меравад ва Худо онро ҳаргиз намебахшад, магар пас аз имон овардан. Вақте гуноҳе бо чунин бузургӣ вуҷуд ва ботини инсонро фаро гирад ва ҳеч роҳи нуфузе барои анвори ҳидояти Худованд ба дили вай боқӣ нагузорад, пас ба лаънат ва азоби абадии Худо гирифтор мешавад.

Бар пояи ҷомеашиносии динӣ куфр, илҳод, беэҳтимомӣ ва беэҳтиромӣ ба арзишҳои динӣ, фурӯ рафтан дар гуноҳон, дурӣ аз Худо омили асосӣ дар таназзули маънавӣ ва нобудии миллатҳо ба шумор мераванд. Арзишҳои динӣ таҳдоби маънавӣ, пойгоҳи рӯҳӣ ва заминаи неруманди фарҳангӣ барои миллатҳо буда, ҳамин омилҳо дар ҳифзи бақои онҳо муассиранд. Дар ҳоле ки куфр, бединӣ ва олудан ба гуноҳу маъсият шахсияти инсонро пуч, иродаи ӯро суст, андешаи ӯро заиф ва ҳаёти ӯро беҳадаф мегардонанд.

Куфр дар ислом

вироиш

Бар асоси таълимоти қуръонӣ, имон ва куфр ду навъи ҷаҳонбинӣ ва тарзи нигариши ба ҳам зид нисбат ба арзишҳои илоҳӣ ва ормонҳои башарӣ ба шумор мераванд. Куфр буридан аз пайвандест, ки фитрати одамиро ба қонуни ҳастӣ ва низоми коинот пайваста, ӯро ба Офаридгори ҳастӣ алоқаманд мегардонад.

Куфр бар се навъ аст:

  1. бутпарастӣ;
    • Бутпарастӣ боз се навъ аст:
    • 1) ба Худо бовар доштан ва бутҳо ё ашёеро ба Ӯ шарику анбоз қарор додан (ширк);
    • 2) ба Худо бовар надоштан ва танҳо бут парастидан (васаният);
    • 3) ба ду сарчашмаи некӣ ва бадӣ бовар доштан (санавият)
  2. илҳод;
  3. иртидод.

Адабиёт

вироиш
  • Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Д., 2011.
  • Али-заде А. А. Кяфир // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)
  • Гогиберидзе Г. М. Исламский толковый словарь. — Ростов н/Д.: Феникс, 2009. — 266 с. — (Словари). — 3 000 экз. — ISBN 978-5-222-15934-7.
  • Ермаков Д. В. Куфр // Ислам: энциклопедический словарь / Отв. ред. С. М. Прозоров. — М. : Наука, ГРВЛ, 1991. — С. 145. — 315 с. — 50 000 экз. — ISBN 5-02-016941-2.
  • Эль Зант Камаль. Виды куфра // Расскажи мне о вере. — Идел-Пресс, 2007. — 528 с. — ISBN 978-5-85247-193-2.