Кӯрпадӯзон
Кӯрпадӯзон, пахтарезон - Маъракаи занона буда, баъди овардани пахтаю матоъҳо барои кӯрпаю болин дар хонаи арӯс рӯзи муайяне занони ҳунарманд даъват карда мешаванд. Баъди хӯрдани зиѐфат зани рӯзгордидаи серфарзанде дуои нек ба хонадоршавандаҳо медиҳад сипас занон ба пора кардан ва дӯхтани кӯрпаю болинҳои арӯсӣ шрӯъ менамоянд. Ҳангоми дамгирӣ рақсу сурудхонӣ менамоянд. Дар вилояти Суғд, водии Ҳисор, водии Зарафшон фаъол аст[1][2]
Адабиёт
вироиш1. Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тўи тоҷикон. Д., 1978; 2. Мардонова А. Традиционная свадьба таджиков Гиссарской долины.Д., 2002. 3. Неменова Р.Л. Таджики Варзоба. Д., 1998.
Нигаред
вироишМанобеъ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 87