Албурз
(Тағйири масир аз Кӯҳҳои Албурз)
Албурз (форсӣ: البرز) — кӯҳҳои шимоли Эрон, ки соҳили Баҳри Каспийро аз ҷануб фаро гирифтаанд. Дарозии албурз қариб 900 км, бараш то 120 км, баландиаш то 5604 м (вулқони хомӯши Дамованд). Албурз якчанд қаторкӯҳҳои мутавозиро дар бар гирифта, асосан аз оҳаксангу регсанг ва ҷинсҳои вулқонӣ таркиб ёфтааст. Нишебиҳояш фароз, сатҳаш нисбатан ҳамвор. Кӯҳҳоро водии дарёи Сафедрӯд бурида мегузарад. Дар нишебиҳои шимолии албурз бешаҳои зичи дарахтони паҳнбарг, дар нишебиҳои ҷанубии он буттаҳои ксерофитӣ (хушкидӯст) мерӯянд. Конҳои нефт ва маъдани мис дорад.
Кишвар | |
---|---|
Баландтарин нуқта | Дамованд[d] |
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 5 610 м |
Дарозӣ |
|
Бар | 130 км |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Албурз // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.