Лавёров Николай Павлович

Лавёров Николай Павлович - (тав. 1930 Русия), олим, доктори илми геологӣ, профессор. Академики АИ ИҶШС (1987), Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997). Академики АИ ҶШС Қирғизистон (1987).

Лавёров Николай Павлович
Лавёров Николай Павлович
Таърихи таваллуд 12 январ 1930(1930-01-12)
Зодгоҳ вил. Архангелск Русия
Таърихи даргузашт 27 ноябр 2016(2016-11-27)[1] (86 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ олим
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои геологӣ ва минералӣ[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор
Халилов-Лаверов

Зиндагинома

вироиш

Лавёров Николай Павлович Институти металлҳои ранга ва тилои Москва ба номи М.И. Калининро хатм кардааст (1954). ихтисос- «геологияи конҳои маъдан», Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: геологияи кони уран, металлогенияи соҳаҳои вулканизми минтақавӣ, радиогеоэкология, металлогенияи таърихӣ. Президенти АИ ҶШС Қирғизистон (1987-1989), ноиби президенти АИ ИҶШС (1988-1991), ноиби президенти АИ Русия (1991 – то имрӯз). Муовини раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС ва муовини сарвазири ИҶШС (1989-1991). Раиси Кумитаи давлатии ИҶШС оид ба илм ва техника (1989-1991). Мудири кафедраи масъалаҳои байналмилалии ТЭК Институти байналмилалии сиёсати энергетикӣ ва дипломатияи МГИМО (аз с.2000). Президенти Маркази миллии рушди технологияи инноватсионӣ.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • «Барои хидмат баҳри Ватан» дараҷаи 1, 2, 3,
  • медалҳои «Барои меҳнати шоиста. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • «Данк (Қирғизистон).
  • Дорандаи ҷоизаи миллии «Триумф» (2001),
  • ҷоизаи «Энергияи глобалӣ» (2009),
  • ҷоизаи Демидов мебошад.
  • Бо Медали тилои калони ба номи М.В. Ломоносов, медалҳои тилои ба номи В.И.Вернадский, С.И.Вавилов ва мукофотҳои дигар тақдир шудааст.
  • [2]

Пайвандҳо

вироиш
  1. Deutsche Nationalbibliothek Record #1036799891 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. –Душанбе: Дониш, 2011. -216 с.