Ламин Зеруал
Ламин Зеруал (ар. اليمين زروال барбарӣ Lyamin Ẓerwal, тав. 3 июли 1941, Батна, Алҷазоири Фаронса) — арбоби давлатии Алҷазоир, Президенти Алҷазоир аз 31 январи соли 1994 то 27 апрели 1999.
ар. اليمين زروال | |
16 ноябр 1995 — 27 апрел 1999 | |
Пешгузашта | Алӣ Кофӣ |
Ҷонишин | Абдулазиз Бутефлиқа |
10 июл 1993 — 11 апрел 1994 | |
Таваллуд |
3 июл 1941[1][2][3] (83 сол) |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | ислом |
Ҷоизаҳо | |
Навъи артиш | National Liberation Army[d] |
Рутба | генерал |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар соли 1957, дар синни 16-солагй ба сафи Артиши озодихоҳии миллй дохил шуда, ба муқобили маъмурияти мустамликадории Фаронса дар Алчазоир мубориза мебурд.
Баъди ба даст овардани истиқлолият дар соли 1962 дар Қоҳира, Маскав ва Порис таҳсил кардааст.
Соли 1975 сардори омузишгоҳи ҳарбии шаҳри Батна ва соли 1981 — сардори Академияи харбӣ. Зеруал пас аз он фармондеҳи нерӯҳои Таманрассет ( 1982 ), дар сарҳади Марокаш ( 1984 ), дар Константини (1987).
Аз соли 1989 — Фармондеҳи артиши хушкигард. Ба далели ихтилофи назар бо раисиҷумҳур Шадлӣ Бенҷадид дар масъалаи азнавташкилдиҳии артиш, ӯ ба нафақа баромад ( 1990 ) ва чанд муддат сафир дар Руминия буд. Бо вуҷуди ин, пас аз сарнагун кардани Бенҷадид дар моҳи январи соли 1992, барои ӯ дурнамои нав кушода шуд.
Моҳи июли соли 1993 вазири дифоъ шуд.
Моҳи январ низомиён ӯро раиси Шӯрои олии давлатӣ таъйин карданд .
Моҳи ноябри соли 1995 Зеруал президент интихоб шуд.
Вай ҳамчун музокиракунанда обрӯ пайдо кард, ки тавонист оқибатҳои манфии ҷанги шаҳрвандӣ дар Алҷазоирро қисман бартараф кунад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Munzinger Personen (нем.)