Соли 1993
1993.
Соли 1993 (ҳазору нуҳсаду наваду севум) дар гоҳшумории мелодӣ — насоли кабиса, оғоз дар рӯзи ҷумъа. Ин 1993 соли даврони ҳозир, 993 соли ҳазораи 2, 93 соли садаи XX, 3 соли даҳаи 10 садаи XX, 4 соли даҳаи 1990-ум. 1993
Рӯйдодҳо
вироиш- 4 январ - дар рафти сафари Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид. [1]
- январ - таъсиси дафтари кории (намояндагии) СММ дар ш. Душанбе.[2]
- январ – оғози сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Сангтӯда – Данғара – Фархор – Восеъ – Кулоб.
- 23 феврал – аз қисмҳои "Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон" Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. 23 феврал — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст.
- 8 май – сели зиёд сарбанди 40 метраи НБО Роғунро аз байн бурд.
- 23 июн – Дар асоси Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 1993 Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимию илмӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил шудааст.
- август – музокироти байни намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифи тоҷик мавқеи тарафҳоро дар музокироти минбаъдаи байни тоҷикон аниқ намуд.
- 7 август – дар шаҳри Москва сарварони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои муҳофизати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон шартномаро оид ба таъсиси Қувваҳои сулҳхоҳ дар Тоҷикистон имзо намуданд.
- 18 декабр – Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кушода шуд.
- 27 декабр – Қонун «Дар бораи маориф» қабул гардид.
- 28 декабр – дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.[3]
Зодрӯзҳо
вироишБознигаред: Гурӯҳ:Зодагони соли 1993
Даргузаштҳо
вироишБознигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 1993
- 22 январ — Кобо Абэ, нависандаи ҷопонӣ.
- 30 октябр — Антанас Рамонас, нависандаи литвагӣ.
- 19 ноябр — Леонид Гайдай — коргардони шӯравӣ.
Адабиёт
вироиш- Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – С. 553-554.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Назриев Д., Саттаров И. Республика Таджикистан: история независимости. Год 1993-й (хроника событий). Т. 3. Душанбе, 2006. С. 7
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история).– Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 455
- ↑ Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 553-554.
Нигаред низ
вироишСоли 1993 дар Викианбор |