Лангар (деҳа, н. Ҳисор)

Лангар деҳа дар ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор. Аз Лангар то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия 2 км. Аҳолиаш — 985 нафар (2022[1]; 1715 нафар —2017)[2], тоҷикон.

Деҳа
Лангар
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Деҳқонобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1715 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Таърих

вироиш

Лангар ҳамшафати деҳаи Содиқӣ буда, аз охири асри XIX арзи ҳастӣ доштааст. Маънои Лангар ҷойи ист аст.

Иқтисод

вироиш

Шуғли асосӣ боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорист. Лангар мағозаи фурӯши молҳои талаботи ҳаррӯза дорад. Роҳҳои байни деҳа мумфарш буда, ду масҷиди панҷвақта ва мактаби миёна мавҷуд аст, ки бачагони деҳаи Содиқӣ низ таҳсил мекунанд. Аз дохили деҳа рӯди пуроб мегузарад, ки аз дарёи Хонақоҳ ҷараён мегирад. Оби нӯшокиро аҳолӣ аз оби насоси зеризаминӣ истифода мебаранд[3]


  1. Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод – hisor.tj (tj). 15 октябри 2023 санҷида шуд.
  2. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  3. Донишномаи Ҳисор - Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 335

Адабиёт

вироиш
  • Р.Аминов. Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст. — Душанбе,1999