Ланкабозӣ, сурббозӣ, парбозӣ — бозии маъруфи бачагони тоҷик.

Ланкабозӣ дар асри ХIХ тавассути ўйғурҳо аз Чин ба фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, роҳ ёфтааст. Тибқи андешаи баъзе муҳаққиқон, номи афзори ин бозӣ — «ланга» аз калимаи тоҷикии «ланг» — чўлоқ ва ё аз «линг» — пой гирифта шудааст. Ланка аз порачаи пўсти пашмдори буз ва пораи сурби гирдашакл сохта мешавад. Ланкабозӣ ба таври гурўҳӣ ё дунафарӣ сурат мегиранд. Бачаҳо шумораи муайянеро марра қарор дода, ба бозӣ шурўъ мекунанд. Агар дар вақти бозӣ ланка ба замин афтад, навбати бозӣ ба бозигари дигар мегузарад. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Аржанг» 2016, — С. 184

Адабиёт

вироиш
  • Андреев М. С. Таджики долины Хуф. Сталинабад, 1958.
  • Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.