Лапиллӣ ( итол. lapilla аз лот. lapillus - сангчаҳо) — пораҳои хурди гуногуншаки гудозаҳо дар ҳаҷмҳои мутафовит (аз 2 мм то 2–3 см), ки ҳангоми фаввора задани вулкан дар намуди сахт, моеъ ё дар ҳаво сахтшаванда партоб мешаванд. .

Лапиллӣ

Тавсиф

вироиш

пораҳои хурди гуногуншаки гудозаҳо дар ҳаҷмҳои мутафовит (аз 2 мм то 2–3 см), ки ҳангоми фаввора задани вулкан дар намуди сахт, моеъ ё дар ҳаво сахтшаванда партоб мешаванд. Лапиллӣ чанд навъ дорад: сахт (гудозаҳои сахти ғайриҳубобӣ), шишаӣ (комилан аз шишаҳои вулканӣ таркиб ёфта, аксар дар шакли қатраӣ ҳастанд, ки румузан «ашки Пеле» ба ифтихори илоҳаи вулканҳо Пеле номгузорӣ шудааст), сарбораӣ (шаклҳои номуназзами ҳубобии пораҳои гудоза). Ҳамчунин, навъи кристалӣ, ки аз шаклҳои каму беш муназзами Лапиллӣ буда, дар магмаи вулкан шакл гирифта, ҳангоми таркиш ба ҳаҷми хеле зиёд партоб мешаванд (вулкани Толбачи Камчатка, Везувийи Итолиё, Эребус дар Антарктида ва Миякои Ҷопон).

Ҳамчунин

вироиш
  • Ашки Пеле, Ашкҳои Апачҳо - лапилли дар шакли қатраҳо.
  • Вулкан, лава
  • Бомбаи вулканӣ
  • хокистари вулканӣ
  • Хокистар

Қайдҳо

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Геологический словарь, Т. 1. — М.: Недра, 1978.
  • Горная энциклопедия. — М.: Советская энциклопедия. Под редакцией Е. А. Козловского. 1984—1991.