Латтахорак (деҳа, н. Ҳисор)
(Тағйири масир аз Латтахорак)
Латтахорак — деҳа дар ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣи ноҳияи Ҳисор. Аз Латтахорак то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 5 км. Аҳолиаш 1063 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1063 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Ном
вироиш«Латтахорак» номи гиёҳи хордорест, ки мардум бо он гирди ҳавлияшонро девор мегирифтаанд.
Иқтисод
вироишДар Латтахорак масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта, мактаби ибтидоии № 105, 2 нуқтаи савдо, ошхонаи хӯроки умумӣ, варзишгоҳи Академияи футболи Тоҷикистон, сарбанди тақсимоти об (платина) мавҷуданд[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 336