Латтахорак (деҳа, н. Ҳисор)

Латтахорак — деҳа дар ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣи ноҳияи Ҳисор. Аз Латтахорак то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 5 км. Аҳолиаш 1063 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Деҳа
Латтахорак
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1063 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

«Латтахорак» номи гиёҳи хордорест, ки мардум бо он гирди ҳавлияшонро девор мегирифтаанд.

Иқтисод

вироиш

Дар Латтахорак масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта, мактаби ибтидоии № 105, 2 нуқтаи савдо, ошхонаи хӯроки умумӣ, варзишгоҳи Академияи футболи Тоҷикистон, сарбанди тақсимоти об (платина) мавҷуданд[2].

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 336