Лейкосит
Лейкоситҳо — ҷисмчаҳои сафеди хун; ҳуҷайраҳои беранг буда, ядро ва ситоплазма доранд. Дар таркиби 1 мм³ хуни одами солим 5000 — 8000 (яъне нисбат ба эритроситҳо 600—800 маротиба камтар) лейкосит мавҷуд аст. Лейкосит дар мағзи устухон, гиреҳи лимфа ва сипурз ҳосил мешаванд. Онҳо донадор (гранулоситҳо) ва бедона (агранулоситҳо) мебошанд.
Эозинофилҳо (мас., эозин), базофилҳо (мас., синкаи метилен) ва нейтрофилҳо мансуби лейкосити донадоранд. Миқдори нейтрофилҳо аз таъсири сироят, бемориҳои шадиди шуш ва узвҳои дигари дохилӣ (мас., эндокардит, аппендисит ва ғ.) ва миқдори эозинофилҳо, одатан, бинобар ҳассосияти баланди организм, бештар дар мавриди касалиҳои аллергӣ (экзема, зиқи нафас), киҷҷа, инчунин аз барзиёд истеъмол кардани антибиотикҳо меафзояд. Агранулоситҳо ба лимфоситҳо ва моноситҳо ҷудо мешаванд. Баъзе намудҳои лейкосит аз рӯи фоиз таносуби муайян доранд, ки формулаи лейкосит меноманд. Дуруст муайян намудани формула барои ташхиси беморӣ муҳим аст. Миқдори лейкосит метавонад дар давоми рӯз тағйир ёбад. Ҳангоми кори ҷисмонӣ ва баъзе бемориҳо лейкосити хун зиёд мешаванд (ниг. Лейкоситоз). Камшавии лейкоситро лейкопения меноманд. Лейкосит мавҷудоти ба организм дохилшударо нест мекунанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Лейкоситҳо // Ирландия — Лениннома. — Д. : СИЭСТ, 1981. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 3).