Литсей-интернати Президентӣ

Литсей як намуди нави мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ буда, ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандро дар бораи гирифтани маълумоти миёнаи асосӣ ва таълимоти миёнаи умумӣ таъмин менамояд.

Таърихи

вироиш

14 январи соли 1992 литсейи №1-и шаҳри Душанбе таъсисёфта, тибқи фармони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 1998, №60 ба литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Аз 17.08.2020 ба "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" номгузорӣ шуд.

Литсей-интернатӣ Президентӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, дар он кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сезабон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таҳсил карда, соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ мешаванд.

Литсей-интернат фаъолияти худро дар асоси Конститутсяи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии таҳсилот, Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ, Низомномаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Низомномаи хеш ба роҳ мемонад.

Муассиси литсей Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарварони литсей

вироиш
Ному насаби директор Солҳои директорӣ
Салиҳов М.Б 14.01.1992-1995
Султоншехов И.С 1995-1.03.2001
Шамсуддинов З.Ш 1.03.2001-15.12.2008
Муминова Давлатбӣ Намозовна 15.12.2008-29.10.2011
Мадатова Манзура Тоҷиддиновна 29.10.2011- 03.2015
Исмоилзода Баҳром Мансур 03.2015 - 05.03.2021
Ғайратзода Лайло Диловар 05.03.2021 - дар вазифа

Унвонҷуёни илмӣ

вироиш

Дар тӯли мавҷудияти литсей Суяров Қ,- номзади илмҳои химия, Наҷмиева Ҳ,- номзади илмҳои педагогика, Элбоев В,- номзади илмҳои филология кору фаъолият кардаанд.

Муаллимони шодравон

вироиш

Номи омӯзгорони шодравон: муалимаи география дорандаи ордени «Дӯстӣ» Ҷумаева Истода ва аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, муаллими расм ва нақша Очилдиев Олимҷон дар таърихи литсей абадан нақш баста аст.

Омӯзгорони литсей – интернати Президентӣ дар фаъолияти ҳама рӯзаи хеш баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия заҳмати зиёд мекашанд.

Кӯшишҳои аҳли литсей маҳз баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати маориф равона карда шудааст. Сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишу маърифати хонандагон дар тарзи ба роҳ мондани кори таълиму тарбия зоҳир мегардад.

Аз ҷумла, иштироки хонандагон дар Олимпиадаҳои фаннӣ, байналмилалӣ, фосилавӣ дохил шудани хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ яке аз меъёрҳои иҷрои стандарти давлатии таълим ба шумор рафта, аз такомули тафаккури мантиқии хонандагон, бедории шавқу завқи хонандагон дар омӯзиши фанҳои дӯстдоштаи онҳо дарак медиҳад.

Сарчашмаҳо

вироиш

Сайти Литсей-интернати Президентӣ http://lip.tj Бойгонӣ шудааст 17 май 2014  сол.