Локомотиви дизелӣ, теплово́з — локомотивест, ки муҳаррики дарунсӯз дорад; қувваи муҳаррик тавассути таҳвили қувваи (механикӣ, гидромеосаникӣ ё электрӣ) ба чархҳо дода мешавад.

Тепловози ТЭП70-0254

Ғояи истифодаи муҳаррики ҳароратӣ дар локомотив охири садаи XIX пайдо шуд. Муҳаррики намунавии дарунсӯзро инженери рус В. И. Гриневесклӣ солҳои 1908—1912 сохт. Инженери советӣ А. Н. Шелест соли 1922 тепловози конструкцияаш хеле хубро бо генератори механикии газӣ пеш ниҳод (ин ғоя фақат солҳои 50 садаи XX дар Швеция амалӣ гардид). Нахустин тепловози магистрали дар ИҶШС соли 1924 аз рӯи нақшаи Я. М. Гаккел сохта шуд. Тепловозҳои таҳвили электрӣ, ки дар онҳо зонунаварди муҳаррики асосӣ лангари генератори асосии электриро ба гардиш меорад, бештар маъмул гардиданд.

Гардиши лангарҳои муҳаррикҳои электрии кашанда тавассути таҳвили дандонадор ба ҷуфти чархҳо дода мешавад. Ба қисми экипажии тепловози рақам асосӣ ва аробача (тележка)-и ду, се ё чормеҳвара бо ҷуфти чархҳо, буксаҳо ва овезаҳои рессорӣ дохиланд. Дар рамаи асосӣ кузови тепловози ҷойгир мешавад. Тепловозҳо як, ду ё секузовӣ (я)к, ду ё сесексиягӣ) мешаванд. Тепловози аз кабилаи мошинист (дар кузов) идора мешавад. Мошинист тавассути наззора (контроллёр) бассомади гардиши наварди муҳаррикро муқаррар мекунад. Тартиби кории генераторҳои электрӣ ва муҳаррикҳои электрии кашанда бошанд, вобаста ба профили роҳи оҳан автоматй тағйир меёбанд. Кабинаро аз қисми мошинӣ одатан камераи аппаратҳо ҷудо мекунад, ки дар он асбоб ва дастгоҳҳои пайвасткунандаи занҷирҳои қуввагии тепловози ҷойгир мешаванд. Дар қисми мошинӣ, ба ғайр аз муҳаррик, генератори асосӣ, компрессор, батареяи аккумуляторӣ, филтрҳо ва ғайра ҷойгиранд. Дар тепловози энергияи сузишворӣ назар ба паровоз тақрибан 6 маротиба самараноктар истифода мешавад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш