Лола
Лола - сардае аз тираи савсаниён аст, ки дар ҳудуди 100 то 150 гуна дорад. Маҳали аслии рӯйиши лолаҳои худрӯ дар Осиёи Марказӣ дар назар гирифта мешавад. Ин гул дар Афғонистон, Туркия, Эрон, қисмати аз ғарби Сурия, соҳили баҳрҳои Арал, Хазар ва Сиёҳ, кишвари Юнон, Итолиё, Испониё ва соҳили баҳри Миёназамин дар шимоли Африқо ба сурати худрӯ ёфт мешавад.
Лола | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
|
Таърихи гули Лола
вироиш- Таърихи пиёзҳои гули лола
Таърихи пиёзҳои гули лола дар Голландия аҷиб аст. Замоне, ки талаботи мардум ба пиёзи гули лола афзуд нархи он низ чанд баробар дар бозорҳо гарон гардид. Махсусан дар солҳои 1663- 1967 ин марҳила дар таърихи голандиҳо бо номҳои tulpomanie, tulpenwoede, tulpengekte, bollengekte, bollenrazernij ёд карда мешавад.
- Ташаккул ва инкишоф
Як тан аз хориҷиён Охир Гилэн де Бузбек сафири Австралия дар Туркия ба гули лола аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ӯ чанд дона пиёзи гули лоларо аз Константинопол ба Вена овард, ки онҳоро дар боғчаи император Фердинанди 1 шинонданд. Лолаҳо дар зери назари шахсии ботаники ботаҷрибаи франсуз Шарл де Леклюза, ки бо номи лотинаш Карл Клузиус машҳур буд, сабзида калон мешаванд. Дар муддате кӯтоҳе Клузиус диққати Донишгоҳи Лайнедро ба таҷрибааш ба дастовардааш ҷалб мекунад. Соли 1593 Клузиус бо «пиёзҳои гули лола» ба Лейден меояд. 1594 бор аввал аввалин боғи гули лола бо шарофти Карл Клузиус дар Нидерландия арзӣ ҳастӣ мекунад. Дар даҳ сол ба ҳоландиҳо даҳ навъҳои гули лоларо барои ҷаҳониён муаррифӣ карданд.
- Пешрафти тиҷорат
Соли 1965 як дона гули лола баробар ба 2000 флор (тило бо вазни 3, 5 гм) ба фурӯш мерафт. Тиҷорати он дар биржаҳои номдори Амстердам, Роттердам, Харлема ва Лейдана ба роҳ монда шуд. Дар соли 1665 нархи он ба 5500 флор (пули маҳаллӣ) баробар гардид. Аввалҳои солҳои 1637 нархи миёнаи гули лола 25 фоиз қиммат шуд. Бино бар суханони мутахассиси соҳаи таърихи ҳунар нақши гули лолаи Яном Д. де Хемомро харидан осонтар буд, назар ба гули лоларо харидан. Фурӯшандаҳои гули лола даромади хубе ба даст меоварданд. Кор то ба ҷое расида буд, ки оилаҳои камбизоат низ дар биржаҳо ба фурӯхтани навъҳои гуногуни гули лола машғул буданд. Ин навъи тиҷоратро дигар дар бозор назорат карда намешуд. Тоҷирони навбаромад сафашон бештар гашта, корҳояшон дигар худашон дар марказҳои савдо пеш мебурданд. Ҳатто дар баъзе минтақаҳо ва заминҳо бо гули лола иваз карда мешуданд ё баръакс бо харидани замин дар он ҷо гули лола кишт карда мешуд. Бино ба гуфтаи рӯзноманигор Чарлз Маккем барои навъи гули лола бо номи Semper Augustus 12 акров (4,86 га) замин пешниҳод карда мешуд.
- Арзон шудани гули лола
Дар моҳи феврали соли 1637 шумораи фурӯшандаҳо якбора назар ба харидорон зиёд гардид, ки он ба арзоншавии нархи гули лола дар марказҳои савдо оварда расонид. Ба қиматтарин нархи гули лола дигар харидорон 300 флор медоданд. Дар як шаб садҳо ҳазор тоҷирони голандӣ аз тиҷорати минбаъдаи гули лола даст кашиданд. Дар як сол 100 % нархи гули лола дар бозорҳо коҳиш ёфт. Баъди аз байн рафтани гули лола тиҷорати фоидаоварди голандиҳо иқтисоди ин кишвар ба буҳрон гирифтор мегардад. Ҳарчанд гули лола ба дигар кишварҳои Аврупо роҳ ёфта бошад ҳам, аммо ҳеч як кишвари дунё ба монанди мардуми Голандия аз он баҳра набардоштааст.
Баъди солҳои тулонӣ гули лола бори дигар дар таърихи башарият аз худ дарак медиҳад. Ин навъи гул ба зуди дар байни мардум роҳ ёфта, серхаридор мегардад. Дар асри ХV111 султони турк Аҳмади 111 ҳазор дона гули лолаи голандиҳоро ба Туркия меорад. Баъди муддате ба кишварҳо лолаи туркӣ содирот мешуд. Таъкид бояд кард, ки таърихи гули лола ҳанӯз ба таври дуруст омӯхта нашудааст. Соли 1841 баъди нашри китобҳои рӯзноманигор Чалз Маккем дар бораи гули лола ва Александр Дюма «Гули лола» оламиён бо таърих, пайдоиш ва шеваҳои инкишофи гули лола ошнойи пайдо мекунанд.[3]
Адабиёт
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Линней К. Genera plantarum eorumque characteres naturales, secundum numerum figuram, situm, & proportionem omnium fructificationis partium — 5 — Стокҳолм: 1754. — С. 145. — doi:10.5962/BHL.TITLE.746
- ↑ Linnaeus C. Species Plantarum (лот.): Exhibentes plantas rite cognitas ad genera relatas — 1753. — Ҷ. 1. — С. 305.
- ↑ Ботанический сад Академии наук РТ/ Лоланома(пайванди дастнорас)