Луис Иносийу Луло до Силва
Луис Иносийу Луло до Силва (به پرتغالی: Luiz Inácio Lula da Silva) — сиёсатмадори Бразилия ва собиқ президенти Бразилия. Ӯ ду маротиба пайиҳам дар солҳои 2002 ва 2006 президенти Бразилия интихоб шуд. [6] Қаблан ӯ дар интихоботи президентии Бразилия дар солҳои 1989, 1994 ва 1998 ширкат карда буд, аммо дар ин замина муваффақ нашуд. [7] До Силва, яке аз асосгузорони Ҳизбии меҳнатии Бразилия мебошад.Дар давраи ҳукмронии ӯ иқтисодиёти Бразилия босуръат рушд кард ва Бразилия ҳамчун яке аз кишварҳои иқтисодии рушдёбандаи ҷаҳон баромад.
португалӣ: Luiz Inácio Lula da Silva | |
1 январ 2003 — 31 декабр 2006 | |
Пешгузашта | Фернонду Ҳенрике Кордусу |
Ҷонишин | Луис Иносийу Луло до Силва |
1 феврал 1987 — 1 феврал 1991 | |
1 январ 2007 — 31 декабр 2010 | |
Пешгузашта | Луис Иносийу Луло до Силва |
Ҷонишин | Дилмо Русеф |
1 январ 2023 — 31 декабр 2026 | |
Пешгузашта | Жуир Булсунору |
Таваллуд |
27 октябр 1945[1][2][3] (79 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | португалӣ: Luiz Inácio da Silva |
Падар | Aristides Inácio da Silva[d] |
Модар | Eurídice Ferreira de Melo[d] |
Ҳамсар | Maria de Lurdes da Silva[d][4], Marisa Letícia Lula da Silva[d] ва Rosângela Lula da Silva[d] |
Фарзандон | Marcos Claudio Lula da Silva[d] ва Lulinha[d] |
Ҳизб | |
Эътиқод | котулисизм[d] |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | lula.com.br |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |
Луис панҷумин раисиҷумҳури Бразилия аст, ки аз зиндон раҳо шуд ва ҳамзамон нахустин раиси ҷумҳури ин кишвар аст, ки бо ҷурми фасод боздошт шудааст. [8] Луло яке аз маъруфтарин президентҳои таърихи Бразилия ва яке аз маъруфтарин сиёсатмадорони ҷаҳон маҳсуб мешавад. [9] [10] [11]
Зиндагинома
вироишЛуис Иносийу Луло да Силва 27 октябри соли 1945 дар Кайтес, воқеъ дар 250-километрии шаҳри Ресифи дар шимолу шарқи Бразилия таваллуд шудааст. Ӯ ҳафтумин писар аз ҳашт фарзанди як оилаи камбизоат буд. Ӯ аз синни 12-солагӣ маҷбур шуд, ки ба кор машғул шавад ва дар кӯча кафшҳои раҳгузаронро мум карда, пул кор мекард. Ӯ дар синни 14-солагӣ нахустин кори расмии худро ба ҳайси харрот дар корхонаи коркарди мис оғоз кардааст. [6]Луис дар синни 19-солагӣ ҳангоми кор бо дастгоҳ дар натиҷаи садама як ангушташро аз даст дод. Луис оҳиста-оҳиста ба масъалаҳои иттифоқи касаба дохил шуда, фаъолияти худро дар ин соҳа вусъат дод. Сипас узви иттифоқи коргарони металлургии Бразилия шуд ва дар соли 1975 раёсати ин иттиҳодияро ба ӯҳда гирифт. Аз сабаби он, ки бояд кор мекард, мунтазам таҳсилоташро идома дода наметавонист ва танҳо то синфи ҳаштум таҳсил намудааст. [12]
Сафар ба Эрон
вироишДар моҳи майи соли 2009 До Силва бо мақсади ширкат дар нишасти G15 дар раъси як ҳайати баландрутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Эрон сафар кард Дар ин сафар ӯ бо Сайид Алӣ Хоманаӣ, президент Маҳмуди Аҳмадинажод ва Алӣ Лоринҷонӣ мулоқотҳо дошт. Дар замони президентии Луло ҳаҷми муомилоти миёнаи мол байни Эрон ва Бразилия аз 14 миллион доллар ба ҳудуди 3 миллиард доллар афзоиш ёфт.
Боздошт
вироишМоҳи марти соли 2016 пулис ба хонаи Луло до Силва дар канори шаҳри Сан-Паулу рафт ва субҳи ҳамон рӯз ӯро боздошт кард. Пулис сабаби боздошти ӯро мавҷуд будани далелҳои гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ аз ширкати нафтии «Petrobras» унвон кард.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Манбаъ
вироиш- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- ↑ https://www.terra.com.br/diversao/gente/lula-ja-foi-casado-outras-duas-vezes-antes-de-janja-veja-com-quem,998b4a034352098e462c2023b466a17d1vjrjr3j.html
- ↑ https://divulgacandcontas.tse.jus.br/divulga/#/candidato/2022/2040602022/BR/280001607829
- ↑ 6.0 6.1 Luiz Inácio Lula da Silva وبگاه دانشنامه بریتانیکا
- ↑ Profile: Luiz Inacio Lula da Silva
- ↑ Lula é o quinto presidente da história do Brasil a ser preso. Saiba quem são os outros, Gazeta do Povo (5 April 2018). Проверено 27 июли 2018.
- ↑ Lula leaves office as Brazil's 'most popular' president, BBC News, British Broadcasting Corporation (31 December 2010). Проверено 4 Январ 2011.
- ↑ 'The Most Popular Politician on Earth' (31 December 2010). 4 Январ 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Декабри 2010.
- ↑ Lula's last lap (8 January 2009). Проверено 4 Январ 2011.
- ↑ Luiz Inácio Lula da Silva Бойгонӣ шудааст 24 مه 2009. وبگاه نشریه تایم