Дилмо Воно Русефиқтисоддон ва сиёсатмадори бразилӣ аст, ки аз соли 2010 то 31 августи соли 2016 ба ҳайси президенти 36-уми кишвар кор кардааст. Вай аввалин занест, ки дар таърихи ин кишвар ба ин мақом расидааст. Дар соли 2013, вай аз ҷониби маҷаллаи «Forbes» пас аз Ангела Меркел дуюмин бонуи тавонотарин дар ҷаҳон эътироф шуд. [6]

Дилмо Русеф
португалӣ: Dilma Vana Rousseff
1 январ 2011 — 31 декабр 2014
Пешгузашта Луис Иносийу Луло до Силва
Ҷонишин Дилмо Русеф
1 январ 2015 — 31 август 2016
Пешгузашта Дилмо Русеф
Ҷонишин Мишел Темер
26 октябр 2014 — 31 декабр 2014
1 январ 2003 — 21 июн 2005
Пешгузашта Francisco Luiz Sibut Gomide[d]
Ҷонишин Silas Rondeau[d]
21 июн 2005 — 31 декабр 2006
Пешгузашта José Dirceu[d]
Ҷонишин Дилмо Русеф
1 январ 2007 — 31 декабр 2010
Пешгузашта Дилмо Русеф
Ҷонишин Erenice Guerra[d]
1 декабр 1993 — 31 декабр 1994
1 январ 1999 — 2 ноябр 2002
1 январ 1986 — 24 сентябр 1988
Таваллуд 14 декабр 1947(1947-12-14)[1][2][3][…] (77 сол)
Ном ҳангоми таваллуд порт. - бразилӣ Dilma Vana Rousseff
Падар Pedro Rousseff[d]
Модар Dilma Jane da Silva[d]
Ҳамсар Cláudio Linhares[d] ва Carlos Araújo[d]
Фарзандон Paula Rousseff[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод калисои католикӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ dilma.com.br(порт.)
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Рӯзи 12 майи соли 2016 Сенати Бразилия ваколатҳои президентии Дилмо Русефро ба муддати ҳадди аксар шаш моҳ ё то замони қабули ҳукми Сенат дар бораи маҳкумияти ӯ муваққатан боздошт. Ӯ бояд барои иттиҳомоти содиркардааш маҳкум ё сафед карда шавад. Муовини президенти Бразилия Мишел Томер дар замони таваққуфаш салоҳият ва вазифаҳои президенти ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт. Дилмо Русеф билохира рӯзи 31 августи соли 2016 ба далели "фасод" аз мақоми президенти Бразилия барканор шуд.

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Дилмо аз падари муҳоҷири булғорӣ ва модари бразилӣ таваллуд шудааст. Вай дар мактаби католикии фаронсавӣ таҳсил кардааст ва дар солҳои 1960 ба гурӯҳҳои партизании ҷангҷӯ пайвастааст. Дар солҳои 70-ум боздошт ва мавриди шиканҷаи шадид қарор гирифт ва пас аз озод шуданаш аз фаъолиятҳои сиёсӣ мамнӯъ шуд. Пас аз он, ӯ ба донишгоҳ дохил шуд ва дараҷаи бакалаврӣ дар соҳаи илми иқтисодро гирифт. Ӯ ҳамеша услуби ҷангии худро сиёсӣ медонист ва майл ба ҷанги мусаллаҳона надошт. Дар солҳои 1980-ум ӯ ба фаъолияти ҳукуматӣ ворид шуда, дар чанд мақом кор кардааст, ки дар байни онҳо вазири энергетикаи давлатӣ таъин шудааст. Вазифаи охирини хукуматии ӯ пеш аз президент сардори аппарати президент да Силва буд.

Ӯ дар соли 2009 гирифтори саратони гиреҳҳои лимфа ташхис шуда буд ва моҳҳо аз муолиҷаи кимиётерапевтӣ гузашт ва тавонист саломатиашро барқарор кунад.

Интихоботи президентӣ

вироиш

Даври аввали интихоботи Президенти Бразилия дар соли 2010 рӯзи 3 октябр баргузор шуд ва Русеф тавонист 47 дарсади овозҳоро бар зидди Жозе Сера, 33 дарсади овозҳоро номзади ростгароён ба даст орад. Ба ин тартиб, ҳеҷ яке аз номзадҳо аксарияти овозҳоро (50+1) ба даст наовард ва интихобот ба даври дуюм тамдид шуд.

Русеф дар даври дуюми интихоботи президентии Бразилия рӯзи 31 октябри соли 2010 бо касби 56 дарсади овозҳо бар Серра пирӯз шуд. Коршиносон пуштибонии Лула да Силваро аз ӯ яке аз омилҳои муҳими пирӯзии Русеф медонанд. Маҳмуди Аҳмадинажод дар паёме зимни табрики пирӯзии Русеф дар интихобот изҳори умедворӣ кард, ки равобити Эрон ва Бразилия дар давраи оянда тавсеа хоҳад ёфт.

Барак Обама, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як сӯҳбати телефонӣ бо Дилмо Русеф пирӯзии ӯро таърихӣ номид.

Дилмо Русеф дар ҳоле ки мухолифи эъдоми Сакине Муҳаммадии Аштиёнӣ буд, ҳукми сангсорро ваҳшиёна номид.

Давраи президентӣ

вироиш

Русеф рӯзи шанбеи 1 январи соли 2011 ба ҳайси президенти Бразилия савганд ёд кард. Дар ин маросим ӯ талошҳои 8-солаи Лула да Силваро барои аз байн бурдани фақр дар Бразилия қадрдонӣ кард.

Дар як рақобати хеле наздик дар даври дуввуми интихоботи президентии Бразилия дар соли 2014 Руссеф бори дуввумин паиҳам президент интихоб шуд. Шумориши расмии овозҳо нишон дод, ки хонум Русеф 51,45 дарсад ва рақибаш Асио Нивес 48,55 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд. Сатҳи иштирок дар даври аввал 80% буд. Аз моҳи марти соли 2015, пас аз интишори иттиҳом алайҳи Русеф ва ҳизби ӯ дар бораи гирифтани ришва аз ширкати нафтии Petrobras, дар Бразилия эътирозҳои густурда сурат гирифт.

Манбаъ

вироиш
  1. Wallenfeldt J., Ray M. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. Munzinger Personen (нем.)
  4. Deutsche Nationalbibliothek Record #1025989244 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  5. 5.0 5.1 португальская Википедия (порт.) — 2001.
  6. http://www.bbc.co.uk/persian/world/2013/05/130522_an_forbes_powerlful_women_list_merkel.shtml

Пайвандҳо

вироиш