Любов Фозилова
Любов Абдурашидовна Фозилова (тав. 30.12.1926, ш. Самарқанд – ваф. маълум нест), номзади илмҳои педагогӣ (1970), дотсент (1975).
Любов Абдурашидовна Фозилова | |
Таърихи таваллуд | 30 декабр 1926 (97 сол) |
Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСоли 1954 Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб ва соли 1957 факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченкоро бо дипломи аъло хамт кардааст. Солҳои 1957–1959 муаллим ва мудири қисми таълими мактаби миёнаи №32 ш. Сталинобод, 1959–1962 аспирант, 1962–1974 муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус, 1974–1987 дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаҳои илмӣ аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва 2 медал қадрдонӣ карда шудааст.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |