Любов Касимовна Ҳакимова (тав. 17.03.1946, ш. Тошкент), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1986), дотсент (1990).

Любов Ҳакимова
Любов Касимовна Ҳакимова
Таърихи таваллуд 17 март 1946(1946-03-17) (78 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Соли 1968 факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1968–1975 муаллим ва муаллими калони кафедраи забони олмонии донишкадаи мазкур буд. Солҳои 1983–1985 дар аспирантураи Академияи илмҳои ИҶШС таҳсил намудааст. Солҳои 1987–1991 мудири кафедраи забони олмонӣ, 1990–1992 дотсенти кафедраи забони олмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 1992 ба Донишкадаи омӯзгории ш. Орлов ба кор гузаштааст. Дар масъалаҳои назария ва амалияи грамматикаи забони олмонӣ корҳои илмӣ анҷом дода, муаллифи 5 мақолаи илмӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ мебошад. Бо раҳматномаҳои донишкадаи омӯзгории пойтахт сарфароз карда шудааст.

Пайвандҳо

вироиш