Мавлоно Поянда Охунди Ахсиӣ
Мавлоно Пояндаи Охунди Ахсиӣ (форсӣ: مولانا پاینده آخوند أخسئ, маъруф ба Ахсиӣ; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 16).
форсӣ: مولانا پاینده آخوند أخسئ | |
Тахаллусҳо: | Ахсиӣ |
Зодгоҳ: | Ахсикат, Фарғона |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Ахсикати Фарғона. Дар ҷавонӣ ба Самарқанду Тошканд рафта, таҳсил кардааст. Сипас ба Балх рафта, бо яке аз шайхони тасаввуф мавлоно Хоҷа Хиради Ахсикатӣ вохӯрд. Ҳар ду ба Бухоро омадаанд ва дар ин шаҳр хонақоҳе сохта, мардумро ба маслаки худ ҳидоят мекарданд. Тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ бо Ахсиӣ вохӯрда, ҳамсуҳбат шудааст. Вай дар асараш «Тазкират-уш-шуаро» 10 байти қасидаашро дар васфи хонақоҳи Ахсиӣ овардааст.
Намунае аз осор
вироишАз осораш ғазалҳо, қасидаҳо ва абёти пароканда боқист, ки бештар мазмуни тасаввуфию ирфонӣ доранд:
- Эй зи ишқат ин дили бечора ҳар дам ғарқи хун
- В-эй зи дардат гашта аз чашми тарам ҳар дам бурун
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Каримов У. Литературно-исторические источники и основные тенденции таджикской литературы XVI в. Д., 2000;
- مطربئ سمرقندی. تذکرة الشعرأ. تهران،۱۳۷۷ هـ. ش
Сарчашма
вироиш- Ахсиӣ Мавлоно Пояндаи Охунд // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.