Мавлоно Шамсуддин Муҳаммади Доъӣ
Мавлоно Шамсуддин Муҳаммади Доъӣ (?, Бадахшон — 1585) — шоир ва мутоибанависи форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Бадахшон. Доъӣ дар «Маҷолису-н-нафоис»-и Навоӣ, «Ҳабибу-с-сияр»-и Хондмир, «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ ва дигар тазкираҳо шоири номӣ ёд шудааст. Ҳамзамононаш ӯро дар мутоиба мумтоз донистаанд.
Намунае аз эҷодиёти ӯ:
Шукӯҳи ҳуснро кӯҳ аз гаронӣ барнамедорад,
Дар ин фикрам, ки чун дар хилвати оина ҷо кардӣ?
Чашмони ман ба рӯят дар ошиқӣ чунонанд,
К-аз рашк якдигарро дидан наметавонанд.
Аз мотамиёни мубталои ватанам
В-аз умр дукони ганҷи байтулҳазанам.
Дӣ мунзавии водии ғам Маҷнун буд,
Расвошудаи анҷуман имрӯз манам.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Доъӣ / А. Ҳабибов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.
- Доъӣ // А — Калим. — Д. : СИЭМТ, 1988. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 1). — ISBN 5-89870.