Мавсума Муинзода Муинӣ (Муинова Мавсума Муинҷоновна, 8 октябри 1981, ҶШС Тоҷикистон) — муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 07 феврали соли 2024), номзади илмҳои таърих

Мавсума Муинзода Муинӣ
Ном ҳангоми таваллуд Муинова Мавсума Муинҷоновна
Таърихи таваллуд 8 октябр 1981(1981-10-08)
Зодгоҳ

Зиндагинома

вироиш

Мавсума Муинӣ 8 октябри соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Оиладор соҳиби ду фарзанд

Фаъолияти корӣ

вироиш

Соли 2003 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз намуд.

Аз соли 2004 то 2009 дар кафедраҳои «Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст.

Солҳои 2009—2014 Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2014 муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намудааст.

12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.[1]

2022—2023 — Раиси шаҳри Бӯстон.

Аз моҳи июли 2023 то 7 феврали 2024 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 7 феврали 2024 то ҳол муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон