Мавҷуда Абдувалиева
Мавҷуда́ Абдували́ева (Абдувалиева Мавҷуда Мӯъминовна; 17 октябри 1924, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — педагог, профессор (1994). Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои ҶШС Тоҷикистон (1962).
Абдувалиева Мавҷуда Мӯъминовна | |
Таърихи таваллуд | 17 октябр 1924 (100 сол) |
Зодгоҳ | Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод (1943) |
Ҷоизаҳо | Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои ҶШС Тоҷикистон (1962) |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд (1943). Муаллими Техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд (1943 – 46), муаллим, нозири иттифоқи касабаи вилоятии омӯзгорон (1946 – 47), муаллимаи мактаби миёна дар шаҳри Табошар (1947 – 53), муаллима ва директори мактаб дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ (1953 – 60), директори мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд (1960 – 62), муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи забони русӣ (1962 – 69), декани факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд (1969 – 80). Аз соли 1980 нафақагири шахсӣ. Муаллифи қариб сад асару мақолаи илмӣ, методӣ ва таълимӣ оид ба масъалаҳои такмили усули таълими адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ.
Осор
вироиш- Взаимосвязь в переподавании родной и русской летератур в восьмилетней школе, Д., 1965;
- МПС в преподавании русской литературы, Д., 1990;
- Совершенствование процесса обучения русской литературы на основе МПС, Д., 1991.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.