Магистратура, бахш, зинаи таҳсилот. Магистратура зинаи таҳсилот буда, дорандаи ин унвони магистр аз рӯи дараҷаи илмӣ пас аз бакалавр ва қабл аз номзади илм мавқеи хоси худро ишғол мекунад.

Дипломи магистр дар Русияи муосир

Аслан ин дараҷаи илмӣ набуда, балки академӣ аст, зеро магистратура дараҷаи таҳсили хатмкунандаи муассисаи таълими олиро ифода намуда, сатҳи тавоноӣ ва маҳоратҳои вайро тасдиқ мекунад. Муҳлати меъёрии барномаи омодасозии магистрон ду сол аст ва дар ниҳоят тибқи натиҷаҳои ҳимояи диссертатсияи магистрӣ ва хулосаи Комиссияи аттестатсионии давлатӣ ҳуқуқӣ ба аспирантура дохил шуданро медиҳад.

Фаъолияти зинаи магистратура дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори коллегияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 04. 2000, №4/7 оғоз шуда, барои таъсиси ин зина Низомнома дар бораи магистратура қабул гардид ва тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07. 07. 2001, № 80 қонун «Оиди таъсиси магистратура дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Пайвандҳои беруна

вироиш

Нигаред низ

вироиш