Мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ

(Тағйири масир аз Мадрасаи "Мирраҷаб Додхоҳ")

Мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ — ёдгории таърихии меъмории асри XVII дар мавзеъи Ҷӯи Лабиҷари Конибодом.

Ёдмон
Мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ
Осорхонаи «Мирраҷаб Додхоҳ»

Сохтмонаш солҳои 1659—1560 анҷом ёфтааст. Ёдгорӣ дар баробари хусусиятҳои умумӣ доштан, ҷиҳатҳои хоси мактаби меъмории маҳаллиро низ таҷассум намудааст. Аз хишти пухта, дар ҷои барҳаво бино ефта, намои шимолиаш рӯ ба ҷониби роҳи калони шаҳр аст. Ин наморо пештоқи баланд ва гулдастаҳои қафасадор оро додаанд.

Асоси ёдгориро ду толори гуногунҳаҷми байнашон даҳлездор ташкил мекунанд. Ин даҳлези калон дар марказ, дар паси пештоқ ҷойгир буда, як долони васеаш ба ҳавлӣ ва ду долони хурди дигараш ба толорҳо мебарад. Як толор ҳамчун намозгоҳ ва дигараш ба сифати дарсхона истифода мешуд. Намозгоҳ бо гунбази қафасадор пӯшида шуда, шарафаҳои ғайриоддиаш ҷолибанд. Дарсхона нисбатан калонтар буда, ,13 ҳисоби тоқҳо васеъ гардонда шудааст. Гунбази он дар болои устувонаи ҳашттарки на он қадар баланд воқеъ гаштааст.

Атрофи ҳавлиро ҳуҷраҳои гунбазпӯши муаллақадори андозашон 4,65X3,20 м ишғол кардаанд. Дар маркази тарафи ғарбии ҳавлӣ айвон (намозгоҳи тобистона)-и даҳсутунаи муҳташам бино ёфтааст. Мувофиқи таърихи дар он сабтшуда айвонро соли 1335 ҳиҷрӣ (1016—1017 м.) Муҳаммадшукури Наҷҷор сохтааст. Ин усули дар байни ҳуҷраҳо ҷой додани айвон, инчунин ба як композиции тобеъ кунондани се бинои номутавозӣ (ду толор ва даҳлез) дар ягон амалияи меъморӣ вонамехӯрад. Мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ аз намунаҳои нодири мадрасаҳои Тоҷикистон мебошад.

Бинои вайронаи ин мадраса бо қарори комиҷроияи шаҳри Конибодом аз 3 августи соли 1977 пурра таъмир гардид ва аз 7 июли соли 1983 барои истифода ба ихтиёри осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳр дода шуд.

Имрӯз ин мадраса ҳамчун осорхонаи шаҳри Конибодом хидмат мекунад.

Адабиёт

вироиш
  • Мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ / А. Мирбобоев // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).