Мадрасаи Говкушон — ёдгории меъмории асри XVI дар Бухоро. Солҳи 1570—1571 дар маркази шаҳр бино шудааст. Бинобар шакли номавзун доштани ҷои сохтмон, ёдгорӣ шакли номутаносиб гирифтааст ва бандубасташ низ аз мадрасаҳои анъанавӣ фарқ дорад. Қанотҳои паҳлуии намои асосӣ, ки дуқабата аст, аз якдигар аз ҷиҳти андоза ва шакл фарқ мекунанд.

Ёдмон
Мадрасаи Говкушон
Кишвар
Макон Бухоро
 Парвандаҳо дар Викианбор

Паҳлӯи ростро толори росткунҷае ишғол кардааст, ки ҳамчун масҷид ва дарсхона истифода мешуд. Қаноти чапи иморатро пӯшишҳои бисёргунбаза ва хонаҳои дарунбадарун ташкил додаанд. Атрофи ҳавлиро ҳуҷраҳои якқабата ишғол кардаанд.

Дар тарафи чапи бино манораи начандон баланде (19,5 м) воқеъ аст. Дар тарафи муқобили бинои асосӣ айвони зебое қомат афрохтааст. Дар давраи советӣ якчанд бор таъмиру тармим шудааст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

Адабиёт

вироиш
  • Мадрасаи Говкушон // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).