Мадрасаи Кӯкалтош (Тошканд)

Мадрасаи Кӯкалтош — ёдгории меъморӣ дар Тошканд, Солҳои 50 асри XVI дар аҳди Бароқхон бино шудааст. Дар қисми шаҳристон рӯ ба майдони Чорсӯ (ҳоло Охунбобоев) воқеъ аст. Ба Мадрасаи Кӯкалтоши Бухоро қаробат доштанаш аp он шаҳодат медиҳад, ки дар сохтмони ин ансамбл меъморони бухороӣ иштирок доштаанд. Баландии умумии ин мадрасаи дуқабата (бо пештоқу гунбазҳояш) қариб 20 м буда, дар ҷои баланд бино ёфтанаш ҳашамати онро боз ҳам афзудааст. Намои иморат бо пештоқи муҳташам оро ёфта, ду паҳлӯяшро ҳуҷраҳои дуқабатаи пешашон равоқтоқдор ва ду гӯшаи иморатро гулдастаҳои муҳташам ишғол кардаанд. Мадрасаи Кӯкалтош ибтидои асри 18 ҳамчун Мадраса аҳамияташро гум карда, ба корвонсарой табдил ёфт.

Ёдмон
Мадрасаи Кӯкалтош (Тошканд)
Кишвар
Макон Shaykhontohur[d]
Дата основания 1569
 Парвандаҳо дар Викианбор

Азбаски дар сохтмони Мадрасаи Кӯкалтош масолеҳи сифатан пастро (фақат рӯяш бо хишт рӯкаш шуда, байни девор бо лою шағал пур карда шудааст) истифода бурдаанд, иморат солҳои 30 асри XIX хеле хароб гашт. Солҳои 90 асри XIX Мадрасаи Кӯкалтош барқарор карда шуд, вале он аз зилзилаҳои минбаъда боз осеб дид. Меъморони тармимгари советӣ дар асоси қисмҳои боқимонда, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва тадкикотӣ Мадрасаи Кӯкалтошро пурра барқаpop карданд.

Ҳоло Мадрасаи Кӯкалтош шакли аввалаашро гирифтааст. Ду толори паси пештоқ (дар гузашта масҷид ва дарсхона) асосӣ чоркунҷа дошта, гунбадпӯшанд, кунҷҳояшон аз ҳисоби тоқҳои чуқур васеъ карда шудаанд. Паҳлӯҳои ҳавлиро ду айвон ишғол кардааст. Пештоқ аз баъзе қисмҳои иморат бо усули гиреҳ кошикорӣ шудааст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Мадрасаи Кӯкалтош // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).