Мадрасаи Миролим Додхоҳ

Мадрасаи Миролим Додхоҳ — ёдгории меъморӣ дар қисми ҷанубу шарқии шаҳри Панҷакент. Мадраса дар асри XVIII сохта шудааст. Мадраса аз толори гунбаздори калон иборат буда, дар се тарафаш айвонҳои гунбаздори аркӣ мавҷуданд. Андозаи умумиаш 22Х17,6 м. Бинои зимистона шакли мураббаъ дошта (10,16Х10,17м), бо гунбази баланд пӯшонида шудааст. Гунбазаш ҳаштқирраи барҷаста. Деворҳои бино бо гачи сафед рӯпӯш шудаанд. Инчунин дар дохили масҷид меҳробест, ки бо гач оро ёфтааст. Равоқтоқҳои пайконӣ намуди зоҳирии масҷид ва ҳашамати гунбазҳоро афзудаанд. Даромадгоҳи толор дар қисми ҷанубӣ воқеъ буда, дари дутабақаи кандакоришуда дорад. Дар наздики мадраса манораи начандон калон, ҳавз, бинои дуошёнаи Гунбазшакл воқеъ буд, ки вазифаи мадрасаро иҷро мекард. Изораи масҷид аз санг сохта шуда, эҳтимол боқимондаи бино кӯҳнатаре бошад. Толор дорои шифти болордор буда, аз се тараф бо айвонҳои 12-сутуна иҳота гардида буд. Яъне масҷиди нисбатан қадим дар асрҳо XVII—XVIII аз нав таъмиру тармим гардида, дар ҳамин шакл то мо расидааст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

Ёдмон
Мадрасаи Миролим Додхоҳ

Адабиёт

вироиш
  • Мадрасаи Миролим Додхоҳ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).