Мадрасаи Нав
Мадрасаи нав — ёдгории меъмории асри XIX дар ноҳияи Ҳисор. Дар ҳавлии Қалъаи Ҳисор аз хишти пухта сохта шудааст.
Мадраса дуошьёна буда, бинои яклухти он шакли анъанавии хоси меъмории даврашро дорад: дар марказ пештоқи васеи даромадгоҳ паси он даҳлези ду равоқаи андозаашон якхелаи пештоқ, рӯ ба ҳавлӣ ва дар ду тарафи пештоқ равоқтоқҳои қатори мутаносиби дуқабатаи гунбазӣ ва дар кунҷҳо гулдастаҳои суфтан маҳрутй бидунн тобадонҳои равшанигузар қад афрохтаадд. Бинои асосӣ аз хишт бино гардида, дарзҳои байни хишт бо гаҷ бандкашй шудааст, ки ин амал ба бино зеб бахшида ва онро яклухт нишон медихад. Қисмҳон дар ду тарафи даромадгоҳ будаи бино (аз нигоҳи ороиш) — якхела нестанд. Кисми чапи девор яклухт ва қисми рост тоқ дар тоқ буда, дар марши ҳap яки ин токҳо даричае гузоштаанд. Қисми болои бино мутавозӣ буда, давродаври ошьёнаи дуюм айвондор ва дари ҳучраҳои Мадраса ба ҳамин айвон кушода мешаванд. Аз ин ҷо ба манорахо низ рох, аст. Дар тарафи чап инчунин толорн дарозруяи масчид ва дар тарафн рост дарсхонаи гумбазӣ ҷой гирифтаанд. Аз харобаҳо бармеояд, ки атрофи ҳавлии росткунҷаи мадрасаро ҳучраҳо иҳота мекардаанд. Ин ёдгорӣ аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки дар ошьёнаи якум хуҷраҳои муқаррарии ру ба ҷониби хавлӣ ва дар қабати боло айвонҳои кушоду дигар ҳуҷраҳо ҷо гирифтаанд. Ин усули мадрасасозӣ, ки аз тарзи анъанавӣ фарқ дорад, дар амалияи санъати меъморин Осиёи Миёна намунаи нодир аст. Едгорӣ дар муҳофизати давлат мебошад.
Мадрасаи Нав баъди 50 соли буньёди Мадрасаи Кўҳна сохта шудааст, яъне дар нимаи дуввуми асри ХVII. Абдуҳалим Раҳимов таърихи сохтмони Мадрасаи Навро чунин гуфтааст:
«Як зани олитабори савдогари қўқандӣ барои савдо ба Ҳисор меояд. Аз табиат, обуҳавои Ҳисор мафтун шуда, барои сохтмони Мадрасаи Нав пул иона (тўҳфаи хайрия) мекунад».— [1]
Мадраса дорои 28 ҳуҷра, ки аз ин 21-ададаш дар ошёнаи якум, 7-тоаш дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудааст ва як масҷиду як синфхона мебошад.
Таърих
вироишМадрасаи Нав, баъд аз 50 соли бунёди Мадрасаи Кӯҳна, яъне дар замони ҳукмронии охирин беки мустақили Ҳисор – Абдулкаримбийи парвоначӣ (солҳои ҳукмронияш 1850-1868) бо маблағи як оими олитабори савдогари хӯқандӣ (аз қабилаи кенгас), ки исми шарифашро Хонуми Сабз мегӯянд, сохта шудааст. Зимни ривоёту маълумотҳои таҳқиқотчиёни рус - Н.И.Покотило (русӣ: «Отчёт кпоездке в пределях Центральной и Восточной Бухары в 1886 году». Ташкент, 1888, стр. 218-219) ва А.К.Лилиенталь русӣ: «Гиссарские и Кабадианские бекства в 1889 году», СПБ 1890, стр.403) маълум мешавад, ки ин бозоргони хӯқандӣ ҳамроҳи рафиқонаш зимни тиҷорат ва боздид аз Ҳисори Шодмон ба обу ҳавои он мафтун шуда, пули пасандози хешро барои сохтмони Мадрасаи Нав иона (хайрия) мекунад. Ишораи шоир Парии Ҳисорӣ дар «Таърихи сарои Ҳисор»:
…Ба қасри ҷоҳу давлат то қиёмат, Хидев Абдукаримбий додҳо дод. Гузашт аз авҷи торум, гуфт таърих, «Имороте рафеъи сангбунёд»— [2]
, ки мисраъи охирин моддаи таърих буда, аз рӯи ҳисоби абҷад ба соли 1279 ҳиҷрӣ, яъне ба соли 1862-1863 мелодӣ баробар мешавад ва таърихи мазкур оид ба сохтмони сарои илму маърифат – яъне Мадрасаи Нав, ки дар аҳди Абдукаримбий дар Ҳисор бунёд шудааст, ишора мекунад.
Мударрисони Мадрасаи Нав Домулло Бердиқули лақаи Лоҳурӣ ва Муфтӣ Зиёвиддин буданд. Муфтӣ Зиёвиддин дар ошёнаи дуввум бо тадрис машғул буд ва зиндагӣ мекард ва Домулло Шарифи Ҳисорӣ яке аз шогирдони эшон аст. Марқади Домулло Бердиқул дар рӯ ба рӯи ин мадраса қарор дорад. Мударрисони дигари ин мадраса Домулло Ҳасан ва Домулло Тоҷиддин ва мударрисони Мадрасаи Кӯҳна Домулло Махсуми Сари Чанор, Хоҷаназир, Зиёвиддин, Донахони Лақай, Давлати Ромитӣ ва Сафари Бадарғаи Кӯлобӣ будаанд. Дар қорихонаи Ҳисор, ки асосан он ҷо қориҳо таҳсил мекарданд, Қорӣ Ӯроқ, Қорӣ Олими Кафшдӯ- зонӣ ва Мулло Шоҳини Нилӯчиву Мулло Саъиди Кӯшкакӣ ва дар «Чашмаи Моҳиён» Домулло Ӯроқ, Домулло Бобӣ (аз Чағами Ғозималик), ДомуллоНасриддин, Домулло Мири Ғозималикӣ, Домулло Қоси- ми Ғозималикӣ, Домулло Шукури Аъзам (аз Алочабофи Душанбе) ва Домулло Абдураҳими Дашнободӣ дарс медоданд. Домулло Абдураҳимро соли 1920 ҳангоми фи- рорӣ буданаш Амир Олимхон дар рӯ ба рӯи Қалъаи Ҳисор, дар кӯчаи марказӣ ба қатл расонид. Амир Олимхон баъд аз оне, ки дар Ҳисор ҳукумати муваққатии подшоҳиро таъсис дода, ба корҳои ғайришаръӣ ва ифлос даст мезанад, мардумро тороҷ, тамоми хазинаро ғорат ва зиёиёнро рӯи-рост маҳв месохт, яке аз доғҳои нангину ифлоскориҳое, ки дар ин ҷо боқӣ гузошт, ин таҷовуз ва ҳалокати Ёрбӣ ном духтарчаи 13 солаи Шоҳимардони Дурбатӣ (ба қавли дигар Тӯдаӣ ) буд, ки сипас аз тарси ошӯби халқ Ҳисорро абадан тарк намудааст.[2]
Манобеъ
вироиш- ↑ Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор
- ↑ 2.0 2.1 Фатҳуллоҳи Азиз Султонмуроди Одина Қалъаи Хисорро ки сохту кӣ бохт? № 5-6 (1983 ) 24 апрели соли 2014