Маддоҳӣ

(Тағйири масир аз Мадҳия)

Маддоҳӣ (Маддоҳ) — як навъи мусиқӣ- адабии халқӣ, ки дар байни мардуми Кӯҳистони Бадахшон, махсусан, Шуғнону Рӯшон, густариш ёфтааст. Ин жанр дар байни сокинони Ишкошим бо номи «қасоид» ва миёни исмоилимазҳабони Дарвоз бо истилоҳи «ҳайдарӣ» низ маъруф аст. Маддоҳ хусусияти динӣ-мазҳабӣ дошта, мундариҷаи матнҳои он аз муноҷот ба Худо, расули ӯ, васфу ситоиши дигар пайғамбарону анбиё, имомони замону пирон ва махсусан, тавсифи корнамоиҳои ҳазрати Алӣ ва ёрони ӯ иборат мебошад. Маддоҳиро бештар дар рӯзҳои аввали азодорӣ, нишасти шабҳои ҷумъа, истиқболу таҷлили ягон ҳодисаи муҳими мазҳабӣ, маҳфилҳои ифтитоҳии ҷойҳои муқаддас, маросимҳои ёдбуди гузаштагон иҷро мекунанд. Махсусан, маддоҳӣ дар маросимҳои азодории мардуми исмоилии Кӯҳистони Бадахшон мавқеъ дорад. Дар ин гуна мавридҳо тавассути сурудҳо сабру таҳаммул, ғанимат донистани умр, шукргузорӣ аз рӯзгори хеш, парҳез кардан аз корҳои зишт, пеша кардани адлу адолату инсоф, некию накӯкорӣ ва ғ. тарғибу таблиғ карда мешавад. Пайдоиши маддоҳиро, тибқи ривоятҳо, ба мутафаккири бузурги тоҷик Носири Хусрав нисбат медиҳанд. Аммо возеҳан пайдоиш ондар байни сокинони гуногунлаҳҷаи Бадахшон ба густариши адабиёти китобии форсӣ-тоҷикӣ рабт дорад. Ба репертуари мадҳиясароён бештар ғазалу қасидаҳо аз эҷодиёти шоирони аҳли тасаввуф, аз ҷумла, Саноӣ, Аттор, Ҳофиз, Аҳмади Ҷомӣ, Мавлонон Ҷалолиддини Балхӣ ва баъзе шоирони маҳаллӣ дохил мешаванд. Инчунин маддоҳон аз достонҳои динию фалсафии «Панҷ киштӣ», «Ҷамҷама», «Фатҳи қалъаи Хайбар», «Саховати Муртазо Алӣ» ва ғайра пораҳоро ба оҳанг дароварда, месароянд.[1]

Мадҳия - як навъи сурудхониест, ки бо оҳанги ба наътмонанд суруда мешавад. Матни сурудҳо мазмуни ахлоқию таскинӣ дошта бештар аз ғазалиёти шоирони форсу тоҷик – Ҳофизи Шерозӣ, Абдурањмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Носири Хусрав ва дигарон иборат мебошанд.[2]

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 72-73. – 280 с.
  2. Аминов А. Маросимҳои дафну азодории мардуми Бадахшон//Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: Натиҷаҳои экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ аз навоҳии ВМКБ. – Душанбе: «Ирфон», 2016. – С. 54